Дар ноҳияи Айнӣ майдони кишти картошка зиёд карда мешавад

Апрель 24, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 24.04.2026 /АМИТ «Ховар»/.  Дар ноҳияи Айнӣ майдони кишти картошка зиёд карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ хабар доданд.

Тибқи маълумоти пешниҳодшуда ва таҳлили мутахассисони соҳа, картошка аз лиҳози иқтисодӣ бартарии назаррас дошта, ҳосили миёна аз 1 гектар ба 30 тонна мерасад.

Картошка на танҳо манбаи даромад, балки маҳсулоти муҳими стратегӣ барои таъмини аҳолӣ бо ғизо ба ҳисоб меравад. Зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот метавонад ба танзими нархҳо ва дастрасии бештари аҳолӣ ба ин маҳсулот мусоидат намояд.

Дар баробари картошка, деҳқонони ноҳияи Айнӣ ба кишти дигар маҳсулоти полезӣ, аз ҷумла пиёз низ таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунанд. Таҷриба нишон медиҳад, ки дар ноҳия пиёз ҳосили фаровон ва сифатан баланд медиҳад. Истифодаи усули гармхона барои парвариши кучат ва баъдан кӯчонидани он ба замини кушод имконият медиҳад, ки ҳосилнокӣ боз ҳам афзоиш ёбад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Айнӣ

Апрель 24, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд