Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
РӮДАКӢ, 15.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 14 апрел ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Рӯдакӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.
Дар ҷаласа, ки таҳти раёсати раиси Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия — прокурори ноҳияи Рӯдакӣ Мутеъулло Раҷабзода доир шуд, натиҷаҳои таҳлил ва ҷамъбасти ҳолати риоя ва иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷаласа оид ба натиҷаҳои таҳлил ва ҷамъбасти ҳолати риоя ва иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» ва «Дар бораи муқовимат ба терроризм» дар соли 2025 ва иҷрои «Барномаи барқарорсозӣ ва реинтегратсияи шахсони дорои гузаштаи экстремистӣ ё террористӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» ва «Барномаи барқарорсозӣ ва ба ҳаёти муқаррарӣ мутобиқ намудан ва бо ҷойи кору таҳсил таъмин намудани занону кӯдакони аз минтақаҳои амалиёти ҷангӣ баргардонидашуда барои солҳои 2023-2026» дар ноҳияи Рӯдакӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Дар музокираҳо иштирокчиён ба зарурати тақвияти чораҳои пешгирикунанда, махсусан дар шабакаҳои иҷтимоӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таъкид карданд, ки ошкор ва пешгирии саривақтии ҷиноятҳои дорои хусусияти террористию экстремистӣ бояд ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муайян гардад.
Дар ҷаласа барои беҳтар намудани фаъолияти сохторҳои дахлдор ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Ҳамчунин ба мақомоти прокуратура ва дигар сохторҳои дахлдор супориш дода шуд, ки назоратро дар самти иҷрои «Барномаи барқарорсозӣ ва реинтегратсияи шахсони дорои гузаштаи экстремистӣ ё террористӣ барои солҳои 2024–2028» пурзӯр намуда, ҳамзамон барои баланд бардоштани масъулияти шахсони масъул тадбир андешанд.
Ба роҳбарияти Раёсати маорифи ноҳия тавсия дода шуд, ки корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳиро дар муассисаҳои таълимӣ густариш дода, дар самти пешгирии ифротгароӣ ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ тадбирҳои муассир андешанд. Дар баробари ин ба бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, фарҳанг ва дигар сохторҳои дахлдор супориш дода шуд, ки барои ҷалби наврасону ҷавонон ба ҳаёти солим ва ташкили чорабиниҳои варзишиву фарҳангӣ чораҳои иловагӣ бинанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ








Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид






