Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид

Апрель 9, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 09.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо ташаббуси Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии гурӯҳи корӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2025 ва масъалаҳои мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин хабар доданд, зимни вохӯрӣ бо сокинон иброз гардид, ки Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳуҷҷати муҳими сиёсию барномавӣ буда, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлатро барои марҳалаи минбаъдаи рушди мамлакат муайян менамояд.

Изҳор гардид, ки соли равон таваҷҷуҳи асосии тамоми сохторҳо ва сокинони мамлакат бояд ба он нигаронида шавад, ки нуқтаи марказии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ эълон гардидани соли 2026 ҳамчун Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвият бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ мебошад. Ин иқдом ҳадафмандона ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ равона гардида, ҷомеаро ба амалҳои мушаххас, натиҷабахш ва муфид даъват мекунад.

Иштирокчиёни вохӯрӣ инчунин оид ба пешгирии ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ сухан гуфтанд. Иброз гардид, ки мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар замони муосир таъсири ин ҷиноятҳо ба асосҳои сохтори конститутсионӣ ва амнияти дилхоҳ давлат хавфи ҷиддӣ ба миён меоранд. Дар ин самт Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини зиндагии шоистаи мардум мунтазам тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Гуфта шуд, ки соли 2023 дар сохтори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо таъсис дода шуд. Ҳадафи таъсиси ин марказ пешгирии тарғибу ташвиқи идеяҳои экстремистӣ, муайян ва нест кардани сарчашмаҳои паҳнкунии хабарҳои сафедкунандаи терроризм, бартарафсозии таъсиррасонии манфии онҳо, инчунин баркарорсозӣ ва офиятбахшии шахсони гумроҳшуда мебошад.

Иброз гардид, ки Сарвари давлат борҳо аз минбарҳои бонуфузи созмонҳои умумиҷаҳонӣ иброз намудаанд, ки «террористу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надорад. Террорист- террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ «худӣ» ва «бегона» ё «таҳаммулгаро»-ю «тундгаро» буда наметавонад».

Иттилоъ дода шуд, ки бо назардошти хатари ҷиддӣ доштани ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ бо аризаҳои даъвогии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Суди Олии Тоҷикистон фаъолияти 29 ҳизбу ҳаракат ҳамчун ифротӣ дар ҳудуди мамлакат манъ карда шудааст.

Тоҷикистон бо ташаббус ва иқдоми инсондӯстонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори аввалин давлатҳое мебошад, ки занону кӯдаконашро аз урдугоҳҳои минтақаҳои ҷангзада баргардонид.

«Аз соли 2019 то соли 2024 дар 4 марҳила 381 нафар занону кӯдакон ба Ватан баргардонида шуда, бо мақсади офиятбахшии онҳо «Барномаи барқарорсозӣ, ба ҳаёти мукаррарӣ мутобиқ намудан ва бо ҷойи кору таҳсил таъмин намудани занону кӯдакони аз минтақаи амалиёти ҷангӣ баргардондашуда барои солҳои 2023-2027» қабул карда шуд. Татбиқи ин барнома идома дорад»,- баён гардид дар вохӯрӣ.

Таъкид гардид, ки дар ин самт ду стратегияи миллӣ барои солҳои 2016-2020 ва 2021-2025 қабул ва амалӣ гардид. Инчунин «Стратегияи нави пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва «Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии он дар солҳои 2026-2030» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Сокинони мамлакатро зарур аст, ки тамоми ақлу заковат, дониш ва таҷрибаи ҳаётиро ба он равона созанд, ки ҳодисаҳои ҳамроҳшавии ҷавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ пешгирӣ намоянд.

«Мубориза ба экстремизм ва терроризм вазифаи танҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Ҳамкорӣ бо шаҳрвандон ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин омилҳои манфӣ ва хавфу хатарҳои экстремистию террористӣ гирифта шуда, суботу оромӣ дар ҷомеа таъмин гардад»,- изҳор шуд зимни вохӯрӣ.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир нақши сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таъмини амнияти миллӣ ва суботи ҷомеа аҳаммияти аввалиндараҷа дорад. Аз ин рӯ агар дар ҷомеа ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу суботи устувор ва волоияти қонун набошад, ҷомеа ба ягон ҳадафи нек намерасад.

Ёдовар мешавем, ки зимни вохӯрӣ масоили муҳими рӯз, аз ҷумла тарбияи насли ҷавон, тақвияти худшиносиву худогоҳии миллӣ ва илмомӯзӣ баррасӣ шуданд. Ҳамзамон аҳамияти ҳамкории мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва волидон дар пешгирӣ ва ҳифзи насли наврас аз таҳдидҳои замони муосир махсус таъкид гардид.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Апрель 9, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Кибертерроризм — омилҳои таъсиррасон ва хатари он дар ҷаҳони муосир
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар Душанбе Вохӯрии сеюми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Хоруғ даври вилоятии мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
«ШАҲРИ ҲУШМАНД». Дар Душанбе насби чароғакҳои замонавӣ оғоз гардид
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 89,1 фоиз иҷро шуд
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ доир ба мубориза бо маводи нашъаовар иштирок намуд
ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Беш аз 60 миллион сомонӣ барои ҳифзи минтақаҳои осебпазир ҷудо гардид
Дар Хатлон мубориза бар зидди зуҳуроти номатлубу хатарнок пурзӯр карда мешавад
ФАРЗАНДОНРО АЗ ТАҲСИЛ МАҲРУМ НАКУНЕД! Дар Душанбе беш аз 40 ҳолати монеъ шудан ба таҳсил ошкор карда шуд
Изҳороти Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд