Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд

Апрель 27, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 27.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои густариши ҳамкории иқтисодӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, рушди инфрасохтори шаҳр ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ зимни вохӯрии Раиси шаҳри Бӯстон бо сармоягузорон аз  Федератсияи Русия баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар доданд.

Дар мулоқот иброз гардид, ки таҳкими равобити дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманди Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати хирадмандонаи роҳбарони ду давлат — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин ба марҳилаи нави рушд ворид гардидааст.

Ҷонибҳо омодагии худро барои тавсеаи ҳамкории судманд, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва саҳмгузорӣ дар рушди минбаъдаи шаҳр изҳор доштанд.  Онро  қадами муҳим дар роҳи пешрафт ва ободонии шаҳр арзёбӣ намуданд.

Сармоягузорон пас аз вохӯрӣ бо имкониятҳои рушди шаҳр аз наздик шинос шуданд. Онҳо изҳор намуданд, ки бо дарназардошти аҳамияти фароғатӣ ва сайёҳии кӯли шаҳр, тасмим гирифтаанд,  ки  дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ лоиҳаи таъмиру барқарорсозии онро амалӣ намоянд.

Ин иқдом метавонад беҳсозии инфрасохтор, бунёди мавзеъҳои истироҳатӣ ва фароҳам овардани шароити замонавӣ барои сокинон ва меҳмонон бошад.

Инчунин ба ҷалби сайёҳон, рушди соҳаи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани мақоми  шаҳр ҳамчун як макони зебои сайёҳӣ мусоидат намояд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон

Апрель 27, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд