Дар Тоҷикистон беш аз ҳазор гармхонаи доимамалкунанда фаъолият менамоянд

Апрель 24, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 24.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. То аввали моҳи апрел дар Тоҷикистон 1022 гармхонаи доимамалкунанда фаъолият намудааст, ки замини он 190,2 гектарро ташкил медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар 152,2 гектари гармхонаҳо кишт гузаронида шудааст, ки аз он помидор 73,0 гектар, бодиринг 35,1 гектар ва дигар сабзавот 42,3 гектарро ташкил медиҳад. Аз замини киштшуда 971,3 тонна сабзавот, аз ҷумла 358,5 тонна помидор, 134,8 тонна бодиринг ва 424,0 тонна дигар сабзавот ҷамъоварӣ карда шудааст.

Ба иттилои мутахасисони соҳаи кишоварзӣ, гармхонаҳои доимамалкунанда навъи гармхонаҳое мебошанд, ки тамоми сол (ҳам дар фасли сармо ва ҳам гармо) барои парвариши растаниҳо истифода мешаванд. Яъне онҳо ба тавре сохта ва таҷҳизонида шудаанд, ки шароити мувофиқи ҳарорат, намӣ ва рӯшноиро ҳамеша нигоҳ медоранд.

Ин гармхонаҳо имкон медиҳанд, ки маҳсулоти кишоварзӣ (масалан, сабзавот, гулҳо) тамоми сол парвариш гардида, бозорҳои истеъмолии мамлакат бо маҳсулоти бештару босифат таъмин карда шаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 24, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст