Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо намояндагони Кумитаи СММ бар зидди шиканҷа вохӯрӣ намуд

Апрель 14, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 14.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 13 апрел дар доираи  ҷаласаи 84-уми Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди шиканҷа дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария вохӯрии расмии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо намояндагони Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид доир ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пасткунандаи шаъну шараф баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди соҳаи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, инчунин таҳкими ҳамкорӣ бо механизмҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон иброз намуд, ки Тоҷикистон барои ҳифзи ҳуқуқи инсон заминаҳои мукаммали ҳуқуқӣ фароҳам оварда, санадҳои муҳими байналмилалиро ба тасвиб расонидааст. Аз ҷумла, «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038», «Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» ва дигар барномаҳои давлатӣ дар ин самт амалӣ мегарданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир барои таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ ва такмили механизмҳои назоратӣ ва пешгирикунанда барои таъмини ҳифзи ҳуқуқи инсон қадамҳои назаррас гузоштааст.

Инчунин ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ бо кумитаҳои шартномавии Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла Кумитаи зидди шиканҷа ва Дафтари Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсонро баррасӣ намуда, омодагиро барои густариши ҳамкории минбаъда изҳор доштанд.

Дар фарҷом таъкид гардид, ки мубодилаи таҷриба ва ҳамкории зич бо механизмҳои байналмилалӣ ба беҳтар гардидани вазъи ҳуқуқи инсон мусоидат менамояд.

Ёдовар мешавем, ки 14-15 апрел ҳайати Тоҷикистон дар шаҳри Женева дар ҷаласаи  84-уми Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди шиканҷа иштирок менамояд.

Дар доираи ин ҷаласа Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши чоруми давриро оид ба иҷрои муқаррароти Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пасткунандаи шаъну шараф пешниҳод менамояд.

АКС: Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 14, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад