Даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид

Апрель 22, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 22.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» ва намоиш-фурӯши маҳсулоти чакан, нақшдӯзӣ ва зардӯзӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Мақсади асосии озмун баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, тарғиби либоси зебои миллӣ, ҳамгироии минтақаҳои Тоҷикистон, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳанг, расму оинҳои миллию мардумӣ ва муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик мебошад.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзодаиброз намуд, ки баргузории фестивал-озмун бапешгирии бегонапарастию тақлидкорӣ, ҳамоҳангсозӣ ва муаррифии фаъолияти ҳунармандону чеварон, тарроҳон, дизайнерон, эҷодкорон, сӯзанидӯзон, чакандӯзон, гулдӯзон, қаламкашу наққошон мусоидат менамояд.

Дар рафти суханронӣ изҳор гардид, ки Сарвари давлат ба мавқеъ ва ҷойгоҳи занон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ (16 декабри соли 2025) чун ҳамеша занонро неруи созандаи ҷомеа дониста, бо ишора ба нақши фаъоли онҳо дар ҷомеаи имрӯза эътимоду боварии худро нисбат ба онҳо чунин баён доштанд: «Бовар дорам, ки занону духтаронимамлакат барои тарбияи фарзандон дар руҳияи омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар, риояи қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои мардуми бостонии тоҷик, аз ҷумла сарфаю сариштакорӣ ва пӯшидани либосҳои миллӣ саъю кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд.

Бо эътимоди комил иброз медорам, ки онҳо дар масъалаи муқовимат ба бегонапарастиву хурофот ва исрофкориву зиёдаравӣ дар сафи пеши ҷомеа қарор мегиранд».

Фестивал-озмун тибқи талаботи Низомнома аз рӯи 3 номинатсия доир гардида, аз ҷумла, намоиши либосҳои қадимаи маҳал, рӯзмарра, маросимӣ ва идона, расмӣ, беҳтарин либоси миллии атласу адрас, навъи гуногуни сӯзанидӯзӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, порадӯзӣ, читгарӣ, шоҳӣ, атласу адрас, гулбасту алоча, гардӣ, тоқиву ҷӯроб, шероз ва ресмонбофӣ, беҳтарин қаламкаш ва беҳтарин навори видеоӣ оид ба фаъолияти тарроҳону ҳунармандони пойтахт ба роҳ монда, манзури меҳмонон ва иштирокчиёни фестивал гардид.

Дар фарҷоми даври шаҳрии Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» иштирокчиён аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои иштироки фаъолона бо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Апрель 22, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд