«ХУДШИНОСӢ — ОМИЛИ ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Оид ба ин мавзуъ даври омӯзишӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 13.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 12 то 18 апрел барои мудирони бахши ҷавонону занони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ даври бозомӯзӣ оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб хабар доданд.
Ин тадбир бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тахассус, савияи дониши сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва маънавии кормандони ҳизбӣ, инчунин мушаххас намудани самтҳои фаъолияти ташкилоти ҳизбӣ амалӣ карда мешавад.
Ҳадафи асосии баргузории даври омӯзишӣ баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии мудирони бахши ҷавонону занон, таҳкими ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, рушди малакаҳои роҳбарӣ ва ташаббускорӣ, инчунин ҷалби фаъоли ҷавонон ва занон ба ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ мебошад.
Дар замони ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии босуръати равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ нақши ҷавонон ва занон дар ҳифз ва таҳкими арзишҳои миллӣ, пойдории сулҳу субот ва таъмини рушди устувори ҷомеа ниҳоят муҳим мебошад.
Ҳамин аст, ки таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ байни ҷавонон ва занон зиёд аст.
Даври омӯзишӣ ба густариши ҷаҳонбинӣ, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва омода намудани кадрҳои соҳибмаърифат, ватандӯст ва содиқ ба арзишҳои миллӣ равона гардидааст.
АКС: Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон








Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






