ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
ДУШАНБЕ, 08.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 8 апрел ҳамасола дар мамлакат Рӯзи иқтисодчиён эълон шудааст. Бахшида ба Рӯзи иқтисодчиён дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳамоишҳои тантанавӣ баргузор шуда, беҳтарин кормандони соҳа ҳавасманд гардонида мешаванд.
— Татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ имкон фароҳам овард, ки рушди иқтисоди миллӣ ба маротиб боло равад. Аз ҷумла, соли 2025 маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба 173 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 8,4 фоизро ташкил дод. Суръати рушди иқтисоди миллӣ дар ин давра асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ- 22,1 фоиз, кишоварзӣ- 9,5 фоиз, гардиши савдо- 13,9 фоиз, мусофиркашонӣ- 10,9 фоиз, хизматрасонии пулакӣ- 13,2 фоиз, боркашонӣ- 15,2 фоиз ва маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ- 23 фоиз таъмин гардид.
Дар ин раванд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ 16 декабри соли 2025 таъкид намуданд, ки «моро зарур аст суръати рушди иқтисоди миллиро дар соли 2026 на кам аз 8 фоиз ва солҳои минбаъда низ устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодиро таъмин намоем».
Тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2025 аз ҷониби вазорат 40 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ, бахусус 4 ҳуҷҷати муҳими банақшагирии стратегӣ таҳия карда шуд. Аз ҷумла, лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030», ки татбиқи он имкон медиҳад то соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш ёфта, ба 325 миллиард сомонӣ баробар гардад. Инчунин бо амалишавии «Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» ҳаҷми содироти маҳсулоти ватанӣ то соли 2030 2 баробар зиёд мегардад.
Ҳамзамон нақшаи амали «Стратегияия рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» дар марҳилаи дуюм (2026-2028), ки дар доираи он татбиқи принсипҳои иқтисоди «сабз» дар давраи миёнамуҳлат ба инобат гирифта шудааст, қабул гардид.
Дар баробари ин лоиҳаи «Барномаи сармоягузории давлатӣ барои солҳои 2026-2030» бо фарогириии 864 лоиҳа ба маблағи 15,7 миллиард долар бо мақсади ҷалби сармояи хориҷӣ ва дохилӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афалиятнок таҳия ва қабул шуд.
Дар амал татбиқ намудани барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ ва барномаҳои соҳавию минтақавӣ имконият дод, ки рушди бонизоми иқтисоди миллӣ идома ёфта, раванди ислоҳоти иқтисодии рушди устувори давлат ва ҳадафҳои Ҳукумат барои беҳдошти ҳаёти мардум таъмин гардад.
Бояд гуфт, ки саноат яке аз соҳаҳои калидии иқтисоди миллӣ буда, дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ нақши муҳим дорад ва саҳми он дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ тадриҷан афзоиш меёбад. Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ду моҳи соли 2026 рушди соҳа асосан аз ҳисоби баланд гардидани ҳаҷми истеҳсолот дар бахшҳои саноати истихроҷ 1,9 фоиз, саноати коркард 26,3 фоиз, таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 1,1 фоиз ва таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва маҳсулоти дуюмдараҷа — 23,0 фоиз зиёд гардидааст.
Дар моҳҳои январ ва феврали соли 2026 дар Тоҷикистон корхонаҳои саноатӣ якҷо бо соҳибкорони хусусӣ ба маблағи 10 миллиарду 543,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 1,5 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
Таҳлили нишондиҳандаҳо собит менамояд, ки рушди устувори соҳаи саноат дар ҷумҳурӣ идома дорад. Он барои тақвияти иқтидори истеҳсолӣ, таъсиси ҷойи нави кор ва таъмини рушди минбаъдаи иқтисоди миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид






