Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд

Апрель 7, 2026 13:30

ДУШАНБЕ, 07.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. То 4 апрел кишоварзони Тоҷикистон дар 23 320 гектар пунбадона  кишт намуданд, ки аз он ба  вилоятҳои Суғд 2701 гектар, Хатлон 22 597 гектар ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 22 гектар рост меояд.

Тавре аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, соли 2026 нақшаи кишти пунбадона 186 800 гектарро ташкил медиҳад.

Дар айни замон бо мақсади ба даст овардани ҳосили фаровон ва саҳмгузорӣ дар рушди иқтисоди миллӣ дар тамоми хоҷагиҳои деҳқонӣ маъракаи кишти пунбадона идома дорад.

Пахтакорӣ на танҳо ба таъмини соҳаи саноати мамлакат бо ашёи хом мусоидат менамояд, балки дар таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр низ нақши калидӣ дорад.

Кишоварзон тухмиҳои босифатро бо ҷалби техникаҳои муосир кишт менамоянд. Инчунин тухмиҳои ба шароити иқлими минтақа мутобиқ ва серҳосил истифода карда мешаванд.

Пахта маҳсулоти асосии содиротии давлат ба шумор меравад, ки сол то сол арзиши аслии он дар бозори ҷаҳонӣ тамоюли болоравӣ дорад. Аз ин рӯ пахтакорони мамлакат талош доранд, ки дар баланд шудани иқтидори истеҳсолӣ, афзоиши даромади иқтисодӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсир гузоранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 7, 2026 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард