ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ҲИФЗИ МЕҲНАТ. Ба масоили бехатарии меҳнат ва ҳифзи саломатии кормандон таваҷҷуҳи бештар зоҳир мегардад

Апрель 28, 2026 15:25

ДУШАНБЕ, 28.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат (28 апрел) дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд.

Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои таъмини ҳифзи ҳаёт ва саломатии кормандон дар ҷараёни фаъолияти меҳнатӣ, ҷалби диққати корфармоёну соҳибкорон ба масъалаҳои ҳалталаби соҳаи муҳофизати меҳнат ва бехатарии кормандон Ташкилоти байналмилалии меҳнат бехатарии меҳнатро яке аз омилҳои муҳими муносибатҳои меҳнатӣ эътироф намуда, 28 апрелро Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат эълон кард.

Дар ин замина ҳамасола ин ташкилот мавзуи марказие интихоб менамояд, ки ба беҳдошти шароити кор ва ҳифзи саломатии кормандон равона шудааст. Соли 2026 аз ҷониби ин ташкилот мавзуи баргузории чорабиниҳо бахшида ба ин рӯз «Табодулот дар соҳаи ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ: Нақши зеҳни сунъӣ ва рақамикунонӣ дар ҷои кор» интихоб шуда, ба «Хатарҳои равонӣ-иҷтимоӣ» ва «Саломатӣ дар ҷои кор» таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад.

Он ба муҳити психологию иҷтимоӣ ҳамчун мушкилоти глобалӣ бахшида шуда, ҷомеаро ба фароҳам овардани шароити одилонаи меҳнат, сармоягузорӣ ба захираҳои инсонӣ ва истеҳсоли устувор, ҳифзи солимии равонӣ, мубориза бо шуғли ғайрирасмӣ ва ҳамгироии технологияҳои муосир даъват менамояд.

Шумораи зиёди одамон аз садамаҳои истеҳсолӣ зарар дида, мефавтанд. Ин рақамҳо ҳамеша кам гузориш дода мешаванд ва дар баъзе мавридҳо корхонаҳо ҳодисаҳои нохуш ва фавту ҷароҳатбардории истеҳсолиро пинҳон мекунанд, то аз пардохти ҷаримаҳо канорагирӣ кунанд. Тибқи таҳлилҳо, шароити кории аз ҳама хатарнок ба соҳаи саноат ва сохтмон, баъдан ба соҳаи нақлиёт, кишоварзӣ ва саноати кӯҳӣ рост меояд.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон яке аз аввалин давлатҳоест, ки аъзои Созмони байналмилалии меҳнат шуда, конвенсия ва тавсияҳои ин ташкилоти байналмилалиро эътироф намудааст. Дар ин замина, соли 1997 нахуст Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ дар соҳаи меҳнат қабул гардида, аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ баҳои баланд гирифт.

Дар асоси ин кодекс ҳар кас ҳуқуқ дорад бе ягон табъиз ва маҷбуркунӣ меҳнатро озодона интихоб намояд ва ё ба меҳнат озодона ризоият диҳад, ба малакаи худ ба меҳнат соҳибӣ намояд, касб ва самти фаъолиятро интихоб кунад.

Инчунин тибқи моддаи 18 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон корманд ҳуқуқ дорад шартномаи меҳнатиро бандад, тағйир диҳад ё бекор кунад. Ҳамзамон аз корфармо риояи шартҳои меҳнатиро талаб намояд. Ӯ метавонад дар шароити бехатар кор кунад, музди меҳнаташро сари вақт гирад, ба истироҳат ва рухсатӣ барояд, ба суғуртаи иҷтимоӣ фаро гирифта шавад ва аз ҳимояи ҳуқуқии худ истифода барад.

Корманд уҳдадор аст вазифаҳои худро тибқи шартномаи меҳнатӣ иҷро кунад, интизоми кориро риоя намояд, қоидаҳои бехатарӣ ва санитарияро иҷро кунад, нисбат ба моликияти корфармо эҳтиёткор бошад ва дар бораи ҳолатҳои хатарнок ба роҳбар хабар диҳад.

Инчунин корманд бояд маълумоти махфиро фош накунад, зарари расонидаашро ҷуброн намояд ва дигар талаботи қонунгузориро риоя кунад.

Бояд гуфт, ки аз замони ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ масъалаҳои таъмини ҳуқуқу кафолатҳои меҳнатии шаҳрвандон низ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон муайян гардиданд. Таъмини шуғли аҳолӣ, шароити муносиби корӣ ва пардохти музди меҳнати кормандон аз рӯзҳои аввал ҳамеша зери таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон (24 октябри соли 2019) иброз намуданд, ки «ҳодисаҳои нохуш аксаран бо сабаби риоя накардан ё таъмин набудани шароити бехатари корӣ рӯй медиҳанд. Пешгирӣ ва таъмин намудани шароити бехатари меҳнат нисбат ба ҷуброни зарар дар истеҳсолот ба корфармо якчанд баробар камхарҷ меафтад».

Тибқи маълумоти Ташкилоти байналмиллалии меҳнат, ҳамарӯза дар ҷаҳон 7-8 ҳазор корманд аз ҳодисаҳои нохуш дар ҷойи кор мефавтанд. Дар бисёр ҳолатҳо сабаби таъмин накардани бехатарии меҳнат дар ҷойи кор- ин сарфа намудани хароҷоти молиявӣ аз ҷониби корфармоён маҳсуб мешавад.

Рӯй додани ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот сабаби осеб бардоштан ва ҳатто марги кормандон мегардад, ки ҳар яке аз ин ҳолатҳо боиси таассуф ва нигаронӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки соли 1996 бо ташаббуси Созмони байналмилалии меҳнат пешниҳод гардид, ки 28 апрел Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат таъсис дода шавад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 28, 2026 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Ташкилоти ғайридавлатии «Good Neighbors» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Рушди илму маориф дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон мавқеи меҳварӣ дорад
Дар Чин дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон беморони диабети қанд метавонанд инсулини ройгон дастрас намоянд
Иштирокдорони Форуми байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ дараи Алмосӣ ва Қалъаи Ҳисорро тамошо карданд
Неругоҳи барқи обии «Роғун» — шоҳасари созандагӣ ва ободкории миллати тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ
Форуми байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ зери унвони «Ҳизбҳои сиёсӣ ва уфуқҳои нави ҳамкорӣ» доир гардид
АБУАЛӢ ИБНИ СИНО — МУТАФАККИРИ БУЗУРГИ ШАРҚ, ФАРЗАНДИ ФАРЗОНАИ ХАЛҚИ ТОҶИК. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин мавзуъ
Оқибатҳои офатҳои табиӣ дар мавзеъҳои хатарноки роҳҳои минтақаи Рашт бартараф карда шуданд
Табибони тоҷик дар Туркия малакаи касбиии худро такмил медиҳанд
Байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби «Белая Рус» Меморандум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
БОЗТОБИ ТАЪСИСИ ҶОИЗАИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО. Расонаҳои мисрӣ дар ин хусус гузоришу мақолаҳо ба нашр расониданд