Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо ҳайати сенаторони Гурӯҳи дӯстии Сенати Фаронса «Фаронса — Осиёи Марказӣ» вохӯрӣ намуд
ДУШАНБЕ, 27.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо ҳайати сенаторони Гурӯҳи дӯстии Сенати Ҷумҳурии Фаронса оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳти роҳбарии Эрве Море мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.
Зимни суҳбат ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои равобити гуногунҷанбаи Тоҷикистону Фаронсаро баррасӣ намуда, аз сатҳ ва муҳтавои кунунии ҳамкорӣ, ки бар пояи арзишҳои муштараки тамаддунӣ, робитаҳои таърихӣ ва эҳтироми мутақобил асос ёфтаанд, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Иброз гардид, ки ба шарофати иродаи сиёсӣ ва талошҳои пайвастаи роҳбарони ду давлат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон муносибатҳои дуҷониба дар солҳои охир марҳилаи сифатан навро касб намудаанд.
Мусоҳибон рушди ҳамкории байнипарлумониро яке аз абзорҳои калидии таҳкими эътимод ва густариши муколамаи сиёсӣ дониста, ба фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ аҳамияти махсус доданд.
Дар ин замина, зарурати ҷоннок намудани фаъолияти Гурӯҳи дӯстии «Фаронса – Осиёи Марказӣ» ва густариши робитаҳои мустақими байни вакилон таъкид гардид.
Ҳамзамон масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар самтҳои табодули таҷрибаи қонунгузорӣ, рушди устувор, ҳифзи муҳити зист, рақамикунонӣ ва таҳкими институтҳои демократӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо инчунин омодагии худро барои ҳамоҳангсозии мавқеъҳо дар доираи созмонҳои байналмилалии байнипарлумонӣ, аз ҷумла Иттиҳоди байнипарлумонӣ ва Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо иброз намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаи афзоиши ҳаҷми мубодилаи тиҷоратӣ байни ду кишвар низ мавриди баррасии амиқ қарор гирифт. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати дарҳои кушод барои ҷалби сармояи хориҷӣ заминаҳои мусоиди ҳуқуқӣ ва иқтисодиро фароҳам овардааст.
Дар ин замина, мусоҳибон ба тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла саноат, энергетика, рушди инфрасохтор, металлургия ва тандурустӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
Бахши фарҳангӣ ва гуманитарӣ низ ҳамчун самти муҳими ҳамкорӣ арзёбӣ гардид.
Таъкид шуд, ки баргузории Намоишгоҳи «Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи миллии санъати осиёии «Гиме» дар шаҳри Париж бо иштироки роҳбарони ду давлат намунаи равшани ҳамгироии фарҳангӣ ва таҳкими эътимоди мутақобил мебошад.
Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи илму маорифро низ баррасӣ намуданд. Ҳамчунин бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷаҳонӣ, зарурати таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи амният таъкид гардида, Тоҷикистон мавқеи худро дар самти ҳалли мусолиматомези низоъҳо тавассути роҳҳои дипломатӣ ва гуфтушунидҳо бори дигар иброз намуд.
Ҳамзамон ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколамаи созанда ва баргузории мулоқоти навбатӣ дар шаҳри Париж дар доираи сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон иброз намуданд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон






