Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо фаъолони шаҳри Исфара вохӯрӣ намуд

Апрель 29, 2026 16:20

ДУШАНБЕ, 29.04.2026. /АМИТ «Ховар»/.  Дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара вохӯрии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо фаъолони шаҳр баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара хабар доданд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои татбиқи самараноки Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, таҳкими худшиносии миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон, тақвияти корҳои тарбиявӣ ва таҳкими ҳамкории сохторҳои давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ, тарбияи насли ватандӯсту худогоҳ ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ баррасӣ гардид.

Иштирокдорон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро шарҳ дода, роҷеъ ба стратегияҳои давлатӣ, дастгирии ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими худшиносию худогоҳии миллии  ҷавонон сухан гуфтанд.

Зимни вохӯрӣ иброз гардид, ки  интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз воситаҳои асосие мебошанд, ки гурӯҳу ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ бо истифода аз онҳо ва паҳн кардани ҳар гуна сабтҳои видеоӣ ва наворҳои таблиғотӣ шахсони алоҳида, хусусан наврасону ҷавононро, ки ҳолати равониашон ҳанӯз комил нест, ба сафи худ ҷалб менамоянд.

Таъкид карда шуд, ки барои ба доми фиреби онҳо наафтодан наврасону ҷавонон ва волидайнро зарур аст, ки фарҳанги истифодаи интернет, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ ва манфиату зарари онҳоро донанд, аз интернет самаранок ва мақсаднок истифода бурда, донишҳои техникию технологиашонро мустаҳкам намоянд. Падару модарон, ки таъминкунандаи телефонҳои мобилӣ ва маблағи интернети фарзанд мебошанд, даъват карда шуданд, ки фарзандонро пайваста назорат намоянд.

Дар вохӯрӣ ҳамзамон масъалаи сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ гирифт.

Муовини Сарвазри мамлакат инчунин бо вазъи якчанд муассисаи таълимӣ ва муассисаҳои томактабии деҳаи Чоркуҳи шаҳри Исфара шинос шуд.

Зимни шиносӣ ҳолати фаъолияти муассисаҳои мазкур, шароити таълиму тарбия, сатҳи таъминот бо таҷҳизоти зарурӣ ва муҳити фароҳамгардида барои омӯзгорону кӯдакон мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифт.

Гуфта шуд, ки беҳтар намудани сифати таълим, фароҳамсозии шароити мусоиди кору таҳсил ва тақвияти заминаҳои моддию техникӣ аз самтҳои муҳими фаъолияти минбаъда ба шумор меравад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара

Апрель 29, 2026 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд