Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 89,1 фоиз иҷро шуд

Апрель 23, 2026 10:40

ДУШАНБЕ,  23.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 20 рӯз 89,1 фоизро ташкил дод. Дар ин муддат Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон, ноҳияҳои минтақаи Рашт ва  шаҳри Душанбе нақшаи даъватро пурра иҷро намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати иттилоот ва робита бо ҷомеаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки иҷрои нақшаи даъват дар ҳудуди вилояти Суғд ба 78,5 фоиз баробар аст.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ 76,7 фоиз иҷро шуд.

Бояд гуфт, ки пеш аз муҳлат иҷро гирдидани нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар бештари шаҳру ноҳияҳо натиҷаи фаъолияти хубу назарраси масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, саҳми бахшу шуъбаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъулини вобаста ба ин чорабинии муҳими сиёсӣ мебошад.

Ҷавонон дастгирию ғамхориҳои доимии давлату ҳукумати мамлакатро нисбат ба Қувваҳои Мусаллаҳ, хизматчиёни ҳарбӣ ва фароҳам овардани беҳтарин шароити хизмативу майишӣ дар қисмҳои низомӣ бо қаноатмандӣ дарк намуда, барои ба хизмати ҳарбӣ рафтан сари вақт ба комиссияҳои давлатии даъват ҳозир мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 1 апрел дар саросари шаҳру ноҳияҳои мамлакат маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, то 31 май идома меёбад. Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди  1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват мегарданд.

АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 23, 2026 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид