Оид ба саҳми тоҷикон дар ташаккули тамаддуни Осиёи Марказӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид

Апрель 15, 2026 14:40

ДУШАНБЕ, 15.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Саҳми тоҷикон дар ташаккули тамаддуни Осиёи Марказӣ ва бозтоби он дар қаринаи ҳамкории минтақавӣ» конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин марказ хабар доданд.

Иброз гардид, ки баррасии ин мавзуъ дар шароити ҳассоси геосиёсии минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла талошҳои азхуднамоии арзишҳои таърихию фарҳангии миллати тоҷик иқдоми саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ мегардад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ барои эҳё ва ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангии миллӣ тадбирҳои муассир андешидааст. Иқдоми созанда дар самти таҳкими худшиносию худогоҳӣ ва эҳёи хотираи таърихии миллат, аз ҷумла ташкили озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм–фурӯғи маърифат», «Шоҳномахонӣ» ва «Тоҷикон–оинаи таърихи миллат» аз ҷумлаи чунин ташаббусҳост.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ масъалаи ҳифз ва муаррифии мероси таърихию фарҳангӣ аҳамияти бештар пайдо намуда, истифодаи технологияҳои муосир метавонад самаранокии ин равандро ба таври назаррас баланд бардорад. Фановариҳои муосир имконият фароҳам меоранд, ки мероси миллӣ ҳифз гардида, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври васеъ муаррифӣ карда шавад.

Мардуми тоҷик яке аз куҳантарин миллатҳои минтақа буда, дорои таърихи ғании давлатдорӣ ва фарҳангӣ мебошад. Мероси тамаддунии тоҷикон тавассути адабиёти классикӣ, забони адабӣ ва анъанаҳои фарҳангӣ ба рушди тамаддуни минтақа таъсири назаррас расонидааст. Осори Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Ҷалолиддини Балхӣ ва Ҷомӣ ҳамчун ганҷинаи арзишманди фарҳанги ҷаҳонӣ эътироф гардидаанд.

Дар идомаи конфронс нақши осорхонаҳо, махсусан Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳифз, таҳқиқ ва муаррифии тамаддуни миллӣ баррасӣ гардид. Баён шуд, ки осорхонаҳо ҳамчун марказҳои муҳими илмӣ ва фарҳангӣ на танҳо барои нигоҳдорӣ, балки барои омӯзиш, таҳқиқ ва тарғиби мероси таърихию фарҳангӣ хизмат мекунанд.

Имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 100 осорхонаи гуногун фаъолият дошта, бо назардошти осорхонаҳои муассисавию мактабӣ шумораи онҳо ба зиёда аз 400 адад мерасад. Солҳои охир бунёд ва таҷдиди осорхонаҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат густариш ёфта, барои сокинон ва меҳмонони хориҷӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Дар фарҷоми конфронс таъкид гардид, ки ҳифз ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии миллат, таҳкими худшиносии миллӣ ва густариши ҳамкории фарҳангӣ аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи муосир ба шумор рафта, чунин чорабиниҳо дар татбиқи ин ҳадафҳо нақши муҳим доранд.

АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 15, 2026 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд