Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид

Апрель 9, 2026 18:20

ДУШАНБЕ, 09.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 8 апрел дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бахшида ба Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025 – 2030) таҳти унвони «Тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсионии иқтисоди рақамӣ» конференсияи якуми байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ.

Муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳ Рамазон Абдуллозода баргузории конференсияро қадами муҳиму устувор барои омода намудани мутахассисони варзида дар соҳаи иқтисодиёти рақамӣ арзёбӣ намуд.

Иштирокчиёни ҳамоиш дар мавзуъҳои мубрами рӯз, аз ҷумла  «Нақши долонҳои нақлиёти сабз дар баланд бардоштани самаранокӣ ва сифати  ҳамлу нақли байналмиллалӣ ва транзитӣ», «Муҳимияти рақамикунонии иқтисодиёти Тоҷикистон» ва «Амсиласозии иқтисодию риёзии робитаи байни бартариҳои рақобатпазирии корхонаҳои саноатӣ бо равандҳои рақамкунонӣ дар иқтисод» маъруза намуданд

Таъкид шуд, ки иқтисоди рақамӣ ҳамчун марҳилаи сифатан нави рушд дар заминаи ҳамгироии технологияҳои иттилоотӣ, додаҳои калон ва системаҳои интеллектуалӣ ташаккул меёбад. Дар шароити кунунӣ, ки рақобати ҷаҳонӣ босуръат афзоиш меёбад, давлатҳо бояд натиҷаҳои илмӣ ва технологияҳоро ба амалия табдил диҳанд.

Дар конференсия якчанд масъалаҳои марбут ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз қабили энергетика, саноат ва сохтмон, нақлиёт, логистика ва алоқа, технологияҳои инноватсионӣ, амнияти рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ва сармояи инсонӣ баррасӣ гардиданд.

Иштирокчиён дар фарҷом иброз доштанд, ки натиҷаҳои конференсия метавонанд ҳамчун заминаи назариявӣ ва амалӣ барои таҳияи стратегияҳои миллии рушди иқтисоди рақамӣ, густариши ҳамкории байналмилалӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ хизмат кунанд. Конференсия ҳамчун платформаи муҳими мубодилаи дониш ва таҷриба имконият фароҳам овард, ки илми иқтисоди рақамӣ ва роҳҳои татбиқи он дар соҳаҳои гуногун таҳлил карда шаванд.

 АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ

Апрель 9, 2026 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд