Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 21.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 21 апрел дар шаҳри Остона мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев баргузор гардид.
Дар ҷараёни суҳбат сарварони ду давлат ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистонро дар заминаи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ мавриди муҳокима қарор доданд.
Ҷонибҳо аз ҷараёни баланди густариши шарикии ду кишвар дар ҳамаи самтҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд. Аҳаммияти таҳкими минбаъдаи муколамаи сиёсии байнидавлатӣ, тавсеаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар соҳаҳои мавриди манфиатҳои тарафайн, бахусус дар бахшҳои саноат, нақлиёт, логистика ва аграрӣ таъкид гардид. Ба сатҳи хуби афзоиши ҳаҷми тиҷорати дуҷониба, ки аз рӯйи натиҷаҳои соли 2025 1,2 миллиард долларро ташкил дод, ишора карда шуд. Соҳаҳои рақамикунонӣ, инноватсия, технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ ба сифати самтҳои ояндадори ҳамкорӣ муайян карда шуданд.
Дар арсаи фарҳангиву башарӣ суҳбат атрофи тавсеаи таҷрибаи мубодилаҳои эҷодӣ, ҳамчунин, робитаҳо дар соҳаҳои илму маориф сурат гирифт.
Дар самти амният сарони давлатҳо ба маъалаҳои таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои низомӣ, низомиву техникӣ, инчунин, муқовимат ба хатару таҳдидҳои ҷаҳониву минтақавӣ диққати махсус доданд.
Дар баробари ин, суҳбат фарогири масъалаҳои ҳамкории бисёрҷониба дар чорчӯби сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ буд. Дар ин замина мубодилаи афкор оид ба рӯзномаи Ҳамоиши экологии минтақавӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, ки пагоҳ дар пойтахти Қазоқистон баргузор мешаванд, сурат гирифт.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон






