Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Фиристодаи Махсуси Президенти ИМА дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Серҷио Горро ба ҳузур пазируфтанд

Апрель 28, 2026 12:16

ДУШАНБЕ, 28.04.2026. /АМИТ «Ховар»/.  28 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фиристодаи Махсуси Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Серҷио Горро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни суҳбат доираи васеи масъалаҳои вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории ду ҷониб, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва амният мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.

Дар ин зимн ба раванди татбиқи мувофиқаҳои дар қолаби “Осиёи Марказӣ–Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (C5+1)” бадастомада таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир карда шуд.

Пешвои миллат ҳамзамон алоқамандии Тоҷикистонро ба рушду тавсеаи робитаҳо бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ин ва дигар самтҳои барои тарафҳо судманд таъкид намуданд.

Зикр гардид, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико имрӯз дар қатори панҷгонаи шарикони сармоягузори Тоҷикистон қарор дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи рушду тавсеаи ҳамкорӣ аҳамияти истифодаи имкониятҳо дар доираи Созишномаи чаҳорчӯбавӣ оид ба савдо ва сармоягузориро (ТИФА) таъкид намуданд. Бо ишора ба зарфиятҳои мавҷудаи Тоҷикистон дар соҳаҳои гидроэнергетика, истихроҷ ва коркарди маъданҳо, саноати сабук, хӯрокворӣ, кимиё, дорусозӣ таҳкими ҳамкории амалии минбаъда дар ин соҳаҳо ба манфиати ду ҷониб дониста шуд.

Рушди зеҳни сунъӣ, инфрасохтори рақами ва рақамикунонии иқтисод, таъсиси корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ барои содирот ва ҷалби сармоя дар ин заминаҳо, аз ҷумлаи бахшҳои ояндадори ҳамкории ду кишвар арзёбӣ гардид.

Ҷонибҳо дар робита ба идомаи ҳамоҳангиҳои талошҳои мақомоти дахлдор оид ба татбиқи ин ва дигар ҳадафҳои мавриди манфиатҳои муштарак ба мувофиқа расиданд.
Мулоқот бо Фиристодаи Махсуси Президенти ИМА дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Серҷио Гор 28.04.2026

Апрель 28, 2026 12:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон