Серҷио Гор: «Доналд Трамп саҳми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар таъмини субот дар Тоҷикистон ва минтақа баланд арзёбӣ менамояд»

Апрель 28, 2026 13:23

ДУШАНБЕ, 28.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. «Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таъмини субот дар Тоҷикистон ва минтақа баланд арзёбӣ менамояд», — гуфт пас аз мулоқот дар нишасти хабарӣ Фиристодаи махсуси Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Серҷио Гор.

Иброз гардид, ки ҳайати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо сафари расмии дурӯза дар Душанбе қарор дошта, дар доираи он якчанд  мулоқоти муҳим баргузор шуданд. Аз ҷумла, мулоқоти судманд бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ба таъкиди Серҷио Гор, Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бахусус дар самти мубориза бо терроризм ва муқовимат ба таҳдидҳои берунӣ манфиатҳои муштарак доранд. Ин мавзуъҳо дар мулоқот бо Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо ҳамзамон ба густариши ҳамкорӣ дар таъмини амнияти ҳарду давлат таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Ҳамчунин масъалаи имконияти рушди ҳамкории иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид гардид, ки барои густариши ҳамкорӣ байни соҳибкорони ду кишвар ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак заминаи мусоид мавҷуд аст.

Серҷио Гор гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳвари таваҷҷуҳи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қарор дошта, ҷонибҳо ба тақвияти ҳамкорӣ, махсусан дар бахши иқтисодӣ ҳавасманд мебошанд.

Ҳамчунин иброз гардид, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба густариши робитаҳо бо кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, мулоқоти роҳбарони ду кишвар дар Вашингтон қадами муҳим дар рушди муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ мегардад.

«Ҷонибҳо барои идомаи таҳкими муносибатҳо ва ба сатҳи нав баровардани ҳамкории дуҷониба изҳори омодагӣ намуданд», — гуфт дар анҷом Фиристодаи махсуси Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Серҷио Гор.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 28, 2026 13:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард