СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд

Апрель 5, 2026 13:30

ДУШАНБЕ, 05.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ (2026) дар шаҳри Хоруғ корҳои ободонию сабзазоркунӣ вусъати тоза пайдо намудаанд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд, дар доираи ин тадбирҳо дар кӯчаю хиёбонҳо, боғу гулгаштҳо ва атрофи муассисаҳои иҷтимоии шаҳри Хоруғ 5500 адад гулҳои рангорангу зебо шинонида шуданд.

Ҳадаф аз баргузории чунин иқдом ободу зебо гардонидани симои шаҳр, фароҳам овардани муҳити солиму зебо барои сокинон ва меҳмонон, инчунин таҳкими ҳисси зебоипарастӣ ва худшиносии миллӣ мебошад. Дар баробари ин, тадбирҳои сабзазоркунӣ ба беҳтар гардидани вазъи экологӣ ва баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ низ мусоидат менамоянд.

Иттилоъ дода шуд, ки корҳои ободонию созандагӣ бо ҷалби кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ гузаронида шуда, дар оянда низ идома  меёбанд.

Ёдовар мешавем, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон силсилатадбирҳои бунёдкорӣ, аз ҷумла сабзазоркунӣ, таъмиру навсозии инфрасохтор ва беҳсозии муҳити зист идома доранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

 

 

Апрель 5, 2026 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд