СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд

Апрель 5, 2026 10:30

ДУШАНБЕ, 05.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Мастчоҳ дар деҳоти Оббурдон маркази хизматрасонии «Амин» ба истифода дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ.

Иншоот аз ду ошёна иборат буда, дар қабати якуми он мағозаи фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи мардум ва анвои гуногуни хӯрокворӣ ҷойгир карда шудааст. Қабати дуюм ҳамчун тарабхона барои баргузории тӯю маъракаҳо бунёд гардида, бо шароити муосир таъмин мебошад.

Маркази хизматрасонӣ бо ташаббуси соҳибкорони ватандӯсти маҳаллӣ — оилаи Назровҳо ба истиқболи сазовори ҷашнҳои 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 70-солагии азхудкунии дашти Дилварзин сохта шудааст.

Ҳамзамон дар тарабхона» бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз барои 80 ятим аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дастархони идона ороста шуда, аз номи Пешвои миллат ба онҳо туҳфаҳои арзишманд тақдим карда шуд.

Барномаи фарҳангии идона бо иштироки ҳунармандони маҳаллӣ хотири иштирокчиёнро болида гардонда, фазои ҷашниро боз ҳам рангин намуд.

Инчунин дар маҳаллаи Фирдавсии деҳоти Оббурдон пули мошингузар аз болои канали «Тоҷикистон» ва зиёда аз як километр роҳи маҳаллӣ баъд аз навсозии пурра мавриди истифода қарор гирифт.

Пули мошингузар бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Баҳодур Боқиев бо харҷи зиёда аз 4 миллион сомонӣ аз нав бунёд шуда, мутобиқ ба талаботи муосири муҳандисӣ дорои паҳноии 10 метр ва дарозии 20 метр мебошад. Дар ду тарафи роҳ чароғҳои равшанидиҳанда насб гардида, муҳити атроф низ ободу зебо гардонда шудааст, ки барои фароғату сайругашти сокинон шароити муносиб фароҳам меорад.

Дар маросими ба истифода додани иншоот иброз гардид, ки ҷалби сармояи хусусӣ ба корҳои ободониву созандагӣ омили муҳими рушди маҳал ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум ба ҳисоб меравад. Ба истифода додани пули мошингузар ва роҳи навсозишуда туҳфаи арзишманд ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, барои сокинони ҳашт деҳаи деҳоти Оббурдон аҳамияти муҳими иҷтимоӣ дорад.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин иншооти муҳим шароити рафтуомади нақлиёт беҳтар гардида, имконияти рушди иқтисодию иҷтимоии минтақа боз ҳам тақвият меёбад.

Дар шаҳраки Бӯстони маркази ноҳия маркази хусусии дандонпизишкии «Сабеҳ» мавриди истифода қарор дода шуд. Маркази дандонпизишкӣ бо ташаббус ва маблағгузории дандонпизишки маҳаллӣ Мирзокамол Мирзозода сохта шуда, бо таҷҳизоти муосири ташхисиву табобатӣ таъмин мебошад. Дар он барои қабули беморон, гузаронидани ташхис, табобати бемориҳои гуногуни дандон, ҷарроҳии дандон ва дигар хизматрасониҳои соҳавӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Бо ба фаъолият оғоз намудани марказ сокинони шаҳраки Бӯстон ва деҳоту ҷамоатҳои атроф имконият пайдо карданд, ки бе муроҷиат ба марказҳои дурдаст дар маҳалли зисташон аз хизматрасонии босифати дандонпизишкӣ истифода намоянд.

Дар марказ мутахассисони соҳибтаҷриба ва ҳамзамон ҷавонони тахассусманд ба кор ҷалб шуда, онҳо бо истифода аз усулҳои муосири табобат ва таҷҳизоти пешрафта ба беморон хизмат мерасонанд. Ҳамчунин ба шаҳрвандон барои нигоҳдории саломатии даҳону дандон, пешгирии бемориҳо ва риояи гигиенаи шахсӣ машваратҳои муфид пешниҳод мегарданд.

Ифтитоҳи чунин марказҳо дар заминаи сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат барои беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифати тиббӣ аҳамияти муҳим дошта, ба таҳкими инфрасохтори соҳаи тандурустӣ дар ноҳия мусоидат мекунад.

Инчунин бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва фароҳам овардани шароити муосири ташхису табобат дар шаҳраки Бӯстон Маркази ташхисию табобатии «Аскаралӣ» ба истифода дода шуд.

Маркази ташхисию табобатӣ  дар доираи тадбирҳои ободониву созандагии ноҳия аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Зайналобидин Мирзозода бунёд гардидааст.

Бино аз 8 ҳуҷраи муҷаҳҳази ташхисию табобатӣ ва машваратӣ, инчунин озмоишгоҳи муосир иборат буда, бо таҷҳизоти пешрафтаи тиббӣ таъмин шудааст. Аз ҷумла, дар он дастгоҳҳои ташхисии ултрасадо, таҷҳизоти замонавии лабораторӣ ва дигар воситаҳои зарурӣ насб гардидаанд, ки ба ташхиси дақиқ ва табобати босифат мусоидат мекунанд.

Дар маркази навтаъсис табибону мутахассисони ботаҷриба ба фаъолият ҷалб гардида, хизматрасониҳои гуногуни ташхисию табобатиро ба аҳолӣ пешниҳод менамоянд. Барои қабул ва муоинаи беморон низ шароити мусоиди хизматрасонӣ фароҳам оварда шудааст. Дар айни замон дар марказ 20 табибу корманди миёнаи тиб фаъолият дошта, дар оянда бо густариши доираи хизматрасонӣ афзоиши шумораи ҷойи кор дар назар аст.

Зимни ифтитоҳи муассисаи тиббӣ раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода иброз намуд, ки таъсиси чунин марказҳо ба беҳтар гардидани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, дастрасии аҳолӣ ба ташхису муолиҷаи муосир ва коҳиши муроҷиати шаҳрвандон ба муассисаҳои берун аз ноҳия мусоидат мекунад.

Иқдоми соҳибкорон дар самти бунёди иншооти иҷтимоӣ намунаи равшани ҳисси баланди ватандӯстӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди маҳал арзёбӣ гардид. Соҳибкори ташаббускор дар оянда ният дорад фаъолияти марказро боз ҳам тавсеа бахшида, бо ворид намудани таҷҳизоти муосири ташхисӣ, аз ҷумла МРТ, КТ ва дастгоҳи мукаммали ташхису табобати гӯш, бинӣ ва гулӯ имконияти муассисаро боз ҳам густариш диҳад.

Ҳамзамон бахшида ба 35-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатӣ  дар доираи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ  (2026) дар маҳаллаи Нурофарини деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ корхонаи коркарди регу шағал, истеҳсоли тахтабетон ва сутунпояҳои бетонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  «Эронёр» мавриди истифода қарор гирифт.

Корхона  дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат барои татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ ва таъсиси ҷойи нави кор бо ташаббус ва сармоягузории соҳибкори маҳаллӣ Абдуваҳҳоб Ҳасанзода бунёд гардидааст.

Корхона дар заминаи истифодаи технология ва таҷҳизоти муосири саноатӣ таъсис ёфта, фаъолияти он ба коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ равона шудааст. Дар ин ҷо регу шағал, тахтабетон ва сутунпояҳои бетонӣ истеҳсол гардида, маҳсулоти он дар сохтмони иншооти гуногуни муҳандисӣ, манзилҳои истиқоматӣ, хатҳои интиқоли барқ ва дигар зерсохторҳои иҷтимоиву иқтисодӣ истифода мешавад.

Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз то 320 метри мукааб маҳсулотро ташкил медиҳад. Ҳамзамон дар як шабонарӯз истеҳсоли то 24 тахтабетон ва 12 сутунпояи бетонӣ ба роҳ монда шудааст. Илова бар ин, дар коргоҳ коркарди регу шағал ва омода намудани маҳлулҳои сохтмонӣ (раствор) низ ба роҳ монда шуда, имконият фароҳам меорад, ки талаботи бозори дохилӣ ба масолеҳи сохтмонӣ ба таври назаррас қонеъ гардад.

Иброз гардид, ки ба фаъолият оғоз намудани чунин иқтидори истеҳсолӣ дар баробари таъмини бозор бо маҳсулоти босифати ватанӣ инчунин ба коҳиши вобастагӣ аз масолеҳи воридотӣ мусоидат менамояд.

Дар айни замон дар корхона 15 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд. Масъулон иброз доштанд, ки бо тавсеаи минбаъдаи фаъолияти истеҳсолӣ шумораи кормандон ба 50 нафар расонида мешавад.

Мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Эронёр» дар самти рушди соҳаи саноат ва сохтмони ноҳияи Мастчоҳ қадами устувор арзёбӣ гардид. Он дар таҳкими иқтидори иқтисодии маҳаллӣ ва беҳтар гардидани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ нақши муҳим хоҳад гузошт.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ

 

Апрель 5, 2026 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷрои нақшаи бунёди иншооти ҷашнӣ дар вилояти Хатлон 112 фоиз таъмин гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара барои бунёди калонтарин Маркази савдо ва хизматрасонӣ санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара санги асос гузоштанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба фаъолияти марҳилаи дуюми корхонаи муштараки «Муосир» оғози расмӣ бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба бунёди марҳилаи дуюми Маҷмааи парандапарварии «Мармарӣ» санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак Маҷмааи гармхонаҳои ҶДММ «Гулнур»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак ба фаъолияти хатҳои истеҳсоли панҷараҳои оҳанин оғоз бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак корхонаи саноатии истеҳсоли обҳои нӯшокии «Глобал Инвест»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак 8 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон агрегати №7-и Неругоҳи барқи обии «Норак»-ро баъд аз таъмиру навсозӣ ба истифода доданд
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соҳаи коркард беш аз 20 фоиз зиёд шудааст