ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 апрел, панҷшанбе, 113-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ин рӯзи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд, ки зимни суҳбат маҷмуи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Русия, аз ҷумла ҷанбаҳои мухталифи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
***
23 апрели соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Саммити чоруми оби давлатҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, ки дар шаҳри Кумамотои Ҷопон баргузор гардид, бо паёми видеоӣ суханронӣ намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Италия хонум Ҷорҷия Мелани мулоқот намуданд. Дар доираи мулоқот 7 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
***
23 апрели соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия муҳтарам Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд.
***
23 апрели соли 2013 дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ ва маҷмааи варзишии Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ ёфтанд.
***
23 апрели соли 2015 дар деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои сеошёнаи маркази таълимӣ ва хизматрасонии «Меҳри Модар» ба истифода дода шуд.
23 АПРЕЛ:
Рӯзи умумиҷаҳонии китоб ва ҳуқуқҳои муаллиф.
***
Рӯзи забони англисӣ дар Созмони Милали Муттаҳид.
РӮЙДОДҲО:
23 апрели соли 2015 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва Вазири фарҳанги Федератсияи Русия Владимир Мединский дар доираи ҷаласаи 12-уми вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай “Барномаи ҳамкории байниидоравӣ барои солҳои 2015-2017”-ро ба имзо расониданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 дар шаҳри Москва ҷаласаи 15-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Русия баргузор шуд.
***
23 апрели соли 2015 нахустин ҷаласаи Шурои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия доир гардид.
***
23 апрели соли 2016 масоили рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Фаронса баррасӣ шуданд.
***
23 апрели соли 2018 дар Минск дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ муҳокима гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 1929 дар Иттиҳоди Шуравӣ аввалин нақшаи 5-солаи рушди хоҷагии халқ қабул карда шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1958 нахустин анҷумани рассомони Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.
***
23 апрели соли 1965 аввалин моҳвораи алоқаи Иттиҳоди Шуравӣ «Молния-1» ба кайҳон равон карда шуд.
***
Соли 1911 дар шаҳри Санкт-Перебурги Русия нахустин маротиба намоиши байналмилалии ҳавопаймоҳо гузаронида шуд.
***
Соли 1974 дар ҷазираи Балии Индонезия ҳавопаймоии Boeing 707-и ширкати Pan American ба садама дучор шуда, дар натиҷа 107 нафар ҳалок гардид.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 апрел, чоршанбе, 112-умин рӯзи соли 2026 аст






