ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 апрел, душанбе, 117-умин рӯзи соли 2026 аст

Апрель 27, 2026 08:00

27 апрели соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.

***

27 апрели соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи хушбоду ҳавои соҳили дарёи Вахш Истироҳатгоҳи замонавии «Пули Сангин»-ро ифтитоҳ намуданд.

***

27 апрели соли 2016 дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Норак Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Неругоҳи барқи обии “Норак” ташриф оварда, муҳимтарин қисмати ин иншооти стратегӣ – дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии 500 кВ-ро мавриди истифода қарор доданд.

***

27 апрели соли 2022  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Корея муҳтарам Мун Чжэ ба муносибати 30-солагии барқароршавии  робитаҳои дипломатии байнидавлатӣ  мубодилаи барқияҳои табрикӣ намуданд.

***

27 апрели соли 2023 дар ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон мулоқот намуданд.

РӮЙДОДҲО:

27 апрели соли 2022 вакилони  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

***

27 апрели соли 1930 дар Душанбе аввалин театр-студияи мусиқавӣ таъсис ёфт.

***

Дар ин рӯзи соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуданд.

***

27 апрели соли 2015 дар Душанбе аввалин ҷаласаи Иттифоқи собиқадорон- интернатсионалистони Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 дар Душанбе ҷаласаи 12-уми якҷояи гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия баргузор гардид.

***

Соли 1908 Бозиҳои IV олимпӣ дар шаҳри Лондони Британияи Кабир оғоз гардид, ки як моҳ идома ёфт.

***

Соли 1975  дар мусобиқаи мошинронии «Формула-1» якумин ва охирин маротиба дар таърих холҳои санҷиширо зан соҳиб шуд.

Апрель 27, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 октябр, якшанбе, 298 — умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 октябр, шанбе, 297-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 октябр, ҷумъа, 296-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 октябр, панҷшанбе, 295 — умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 октябр, чоршанбе, 294 — умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 октябр, сешанбе, 292-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 октябр, душанбе, 292-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 октябр, якшанбе, 291-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 октябр, шанбе, 290-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 октябр, ҷумъа, 289-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 октябр, панҷшанбе, 288-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 октябр, чоршанбе, 287-умин рӯзи соли 2026 аст