ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 апрел, чоршанбе, 119-умин рӯзи соли 2026 аст

Апрель 29, 2026 08:00

29 апрели соли 2025 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Тсюй Дунъюйро ба ҳузур пазируфтанд.

***

29 апрели соли 2025 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ассамблеяи парлумонии Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, узви Парлумони Финландия хонум Пиа Лииса Каумаро ба ҳузур пазируфтанд.

***

Дар ин рӯзи  соли 2021  таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҷамъбасти  натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат  маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид.

***

29 апрели соли 2022 намояндагони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон дар намоишгоҳи «UzTextile Expo Весна 2022» иштирок намуданд.

***

29 апрели соли 2022 ба муносибати 30-солагии  барқароршавии  муносибатҳои дипломатии байнидавлатӣ мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи Белгия Филипп доир шуд.

***

29 апрели соли 2023 Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ҳукуматдорони афғонро барои манъи кори занон дар ин ниҳод маҳкум кард.

***

29 апрели соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено-Бассоро ба ҳузур пазируфтанд.

***

29 апрели соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 15-солагии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

29 апрели соли 2013 Низомномаи таъйин намудани Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тасдиқ гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 Сарвазири Федератсияи Русия Дмитрий Медведев аз намоишгоҳ—гӯшаи Тоҷикистон бахшида ба саҳми Тоҷикистон  дар  Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон солҳои 1941—1945, ки дар Осорхонаи марказии Ҷанги дуюми ҷаҳон, воқеъ дар Поклонная гораи шаҳри Москва  ифтитоҳ гардид, дидан  намуд.

29 АПРЕЛ:

Рӯзи байналмилалии рақс

***

Рӯзи байналмилалии хотираи қурбониён аз заминларза

РӮЙДОДҲО:

29 апрели соли 1992 байни Тоҷикистон ва Шоҳигарии Белгия муносибатҳои дипломатӣ барқарор гардид.

***

29 апрели соли 2015 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсия оид ба пешгирии ҷинояти генотсид ва ҷазо барои он ҳамроҳ шуд.

***

29 апрели соли 2014 дар Душанбе амнияти энергетикии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор дода шуд.

***

29 апрели соли 2014  дар Тоҷикистон Шурои миллӣ оид ба аҳолӣ ва рушди он таъсис ёфт.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Булғористон оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирон ва борҳо қабул карда шуд.

***

29 апрели соли 2016 дар мусобиқаи интихобии   Осиё оид ба таэквондо WTF барои пайдо кардани роҳхат ба Бозиҳои олимпии Рио, ки дар пойтахти Филиппин- шаҳри Манила ба анҷом расид, ду  варзишгари мамлакат ба гирифтани медалҳои  биринҷӣ муваффақ гардид.

***

Соли 1961 анҷумани аввалини зиёиёни Тоҷикистон доир гардид.

***

Соли 1931 дар Иттиҳоди Шуравӣ нахустин барномаи телевизионии касбӣ намоиш дода шуд.

Апрель 29, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш