Табодули мол байни Тоҷикистон ва давлатҳои иштирокчии Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ ба 2,1 миллиард доллар расид

Апрель 28, 2026 13:41

ДУШАНБЕ, 28.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо давлатҳои иштирокчии Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ /SPECA/ 2,1 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2024 ба андозаи 80 миллион доллар ё 4 фоиз афзудааст. Ин нукта дар мулоқоти вазирони нақлиёти кишварҳои иштирокчии Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (SPECA) дар Бангкок иброз гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Дар мулоқот ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири нақлиёт Азим Иброҳим иштирок намуд. Зимни он ба зурурати амалкарди ҳамоҳангшуда барои ташкили низомҳои пойдор ва самараноки транзитӣ бо таъкид ба ҳамгироии экологӣ ва рақамии роҳҳои савдо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Мавзуъҳои муҳокимашуда бо талошҳои Тоҷикистон барои таҳкими инфрасохтори нақлиётӣ, алоқамандии нақлиётӣ, таҷдиди долонҳои нақлиётии минтақавӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар логистика ва ғайра ҳамоҳанг буданд.

Гуфта шуд, ки бо шарофати сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамкории созандаи кишварҳои иштирокчии SPECA раванди устувори рушди ҳамкорӣ дар самтҳои робитаҳои тиҷоратию нақлиётӣ, рақамикунонии мубодилаи маълумот дар доираи долонҳои нақлиётии Транскаспий, густариши ҳамкории энергетикӣ ҳам дар минтақа ва ҳам берун аз он, инчунин пешбурди тиҷорати устувор, инноватсия ва принсипҳои иқтисодиёти ҳалқавӣ ба назар мерасанд.

Таъкид шуд, ки тадбирҳо дар доираи SPECA ба пешбурди ташаббусҳои глобалӣ ва минтақавии Тоҷикистон, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо ва рушди зеҳни сунъӣ мусоидат мекунанд. Дар ин замина иштирокчиёни мулоқот баргузории Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»-ро, ки аз 25 то 28 майи соли 2025 дар Душанбе баргузор мешавад, ҷонибдорӣ карданд.

Дар анҷом вазирони нақлиёти кишварҳои иштирокчии Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) Изҳороти муштарак қабул намуданд.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 28, 2026 13:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чехия дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан баррасӣ гардид
Масъалаи истифодаи механизмҳои нави маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ шуд
РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. Дар нуҳ моҳи соли 2026 8,3 фоиз таъмин гардид
Олимони тоҷик парвариши гандуми тирамоҳӣ ва пахтаро дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ намуданд
Ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ гардид
«СОҲИБКОРИИ ЗАНОН: ИМКОНИЯТҲО, НАВОВАРӢ ВА РУШДИ УСТУВОР».Таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор шуд
Дар мавзуи дастгирии соҳибкорӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Рим имкониятҳои содиротии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд