«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». 51 довталаб аз ноҳияи Данғара ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифт
ДУШАНБЕ, 30.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара хабар доданд.
Дар даври ноҳиявии озмун зиёда аз 200 довталаб аз рӯйи номинатсияҳои гуногун маҳорати эҷодӣ ва ҳунариро пешкаши ҳайати ҳакамон намуда, 51 нафар ба даври вилоятӣ роҳхат гирифт.
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» бо мақсади дарёфти чеҳраҳои нави ҳунар, рушди санъати миллӣ, дастгирии истеъдодҳои ҷавон ва тарғиби фарҳангу маърифати миллӣ доир гардида, ҳамасола бо шукуҳу шаҳомати хосса гузаронида мешавад.
Бояд гуфт, ки чунин озмунҳо барои рушду нумӯи фарҳанги миллӣ, ҳавасмандгардонии ҷавонони соҳибистеъдод ва муаррифии имконоти эҷодии насли наврасу ҷавон заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» соли ҳаштум аст, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаронида мешавад. Ҳадафҳои асосии озмун дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъат ва мусиқӣ, эҷоди асарҳои баландғояи мусиқию санъати тасвирӣ дар васфи Ватан ва дастовардҳои истиқлолият, баланд бардоштани маҳорати касбии иҷрокунандагони ҷавон ва тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара








Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид






