«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ноҳияи Варзоб даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявӣ доир шуд
ВАРЗОБ, 16.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Варзоб бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ, сарояндагӣ, рассомӣ ва баланд бардоштани маҳорати касбӣ, эҳсоси зебоишиносӣ, тақвияти ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор гардид. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб хабар медиҳад.
Дар озмун ҷавонону наврасон шеъру суруд ва оҳангҳои нав, асарҳои мусиқии композиторони ватанию ҷаҳонӣ, намунаҳои мусиқии анъанавӣ, академӣ ва муосири тоҷикро, ки ба талаботи низомнома ва шартҳои озмун ҷавобгӯ буданд, пешниҳоди ҳайати ҳакамон намуданд.
Дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ҳар номинатсия дорои талаботи махсуси касбӣ буда, дар вақти иҷро таълифи асари мусиқӣ, шеър, суруд ва оҳанг ба инобат гирифта мешавад.
Дар озмун 93 довталаб аз рӯйи ҳамаи номинатсия ва жанрҳо иштирок карда, 75 нафар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Аз ин шумора баъди иштирок дар даври ноҳиявӣ 23 нафар ба даври минтақавӣ роҳхат гирифт.
Бояд гуфт, ки дар асоси Низомномаи озмун барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва ҷойҳои ифтихорӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ дар баробари мукофоти пулӣ имтиёзҳои дигар низ пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла, ғолибони озмун ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро пайдо намуда, барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба таври ройгон ва бе супоридани имтиҳон қабул карда мешаванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб








Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид






