Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
ДУШАНБЕ, 10.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Го Жиҷун вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории байниҳизбӣ, таҳкими робитаҳои дӯстона ва тавсеаи муносибатҳои судмандро баррасӣ намуданд. Иброз гардид, ки муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар заминаи эътимод, эҳтироми мутақобил ва шарикии стратегӣ рушд ёфта, барои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун заминаи мусоид фароҳам овардаанд.
Ҳамчунин ҷонибҳо доир ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ табодули афкор намуда, барои идомаи муколамаи созанда ва амалисозии ташаббусҳои муштарак изҳори омодагӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки таҳкими робитаҳои байниҳизбӣ метавонад дар тақвияти муносибатҳои байнидавлатӣ ва пешбурди манфиатҳои муштарак нақши муҳим бозад.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон








Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд






