Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
ДУШАНБЕ, 05.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаҳони муосир таҳкими худшиносии миллӣ ва зиракии сиёсӣ маҳаки асосии пойдории давлату миллат ва иттиҳоду ягонагии халқ маҳсуб мешаванд. Зеро раванди босуръати ҷаҳонишавӣ, бархурди тамаддунҳо, манфиатҷӯии қудратҳо, муборизаҳои идеологӣ ва тавсеаи фаъолияти гурӯҳҳои радикалӣ дар ҳолати ғафлат метавонанд суботи ҷомеаро халалдор созанд.
— Хушбахтона, миллати сарбаланди тоҷик дар партави сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти худшиносӣ, ҳифзи неъматҳои Истиқлоли давлатӣ ва арзишҳои сулҳу ваҳдати миллӣ қадамҳои санҷидаю устувор мегузорад.
Терроризм ва ифротгароӣ солҳои охир ба яке аз мушкилоти сиёсиву амниятии ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтаанд. Ба назари коршиносон, зуҳуроте, ки чун вабои аср эътироф шудаанд, ба ҳастию саломатии бани башар таъсири манфӣ мерасонанд ва ҷой доштанашон дар миқёси ин ё он минтақа ва ё мамлакат гувоҳи оқибатҳои фалокатборашон мебошад.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Он дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо таҳдид эҷод менамояд. Тоҷикистон, ки оқибатҳои фоҷиабори терроризму ифротгароиро аз сар гузаронидааст, чанд соли охир дар самти муқовимат бо ин зуҳурот ва манбаъҳои маблағгузории онҳо тадбирҳои муассир меандешад. Дар ҷумҳурӣ ҳама гуна маблағгузории терроризм ҷиноят эътироф гардидааст, ки ин далелҳо аз фаъолияти судманди Ҳукумати мамлакат ва мақомоти дахлдор шаҳодат медиҳанд.
Ба воситаи паҳн намудани таълимоте, ки хилофи таълимоти анъанавии ислом аст, ҳизбҳои гуногун мехоҳанд нооромӣ ва норизоиро байни ташкилоти динӣ ва мусалмонон ба вуҷуд оваранд. Чунин ҳаракатҳо ва ҳизбҳо, ки фаъолияти онҳо дар ҳудуди Тоҷикистон манъ шудааст, метавонанд на танҳо вазъи динӣ, балки вазъи сиёсиро дар мамлакат вайрон намоянд.
Яке аз роҳҳои пешгирии паҳншавии идеяҳои ифротӣ ва созмонҳои террористиву экстремистӣ баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад. Маҳз маънавиёти баланд, ҳисси ватандӯстӣ ва тафаккури ободкорӣ шахсро аз гаравидан ба ҳизбу созмонҳо эмин нигоҳ медорад.
Дар пасманзари иқдоми ахири давлати соҳибистиқлоли мо вобаста ба тақвияти муборизаи муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди терроризму экстремизм ба ин натиҷа расида метавонем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати пешоҳанг дар ҳалли муҳимтарин масоили байналмилалӣ мебошад.
Доир ба ин мавзуъ дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад барои муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо» баргузор гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мизбонии ин конфронси байналмилалӣ нишон дод, ки мамлакати ҷонибдори сулҳу субот дар саросари олам мебошад.
Ҷавонони тоҷик набояд ҳеҷ гоҳ фирефтаи гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва нооромкунандаи ҷомеа гарданд, зеро терроризм ва ифратгароӣ оқибатҳои бади марговар доранд.
Имрӯз ҳар фарди ҷумҳурӣ бояд дарк намояд, ки ошкору бартараф намудани амалҳои номатлуб на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки вазифаи ҷонии ҳар шаҳрванди баномуси миллат мебошад. Дар ин замина бояд ҳар яки мо ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашавем.
Ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсии ҷомеа муттаҳид бошем ва ба фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ ҳамаҷониба мусоидат намоем. Бо эътимоди қавӣ ва боварии комил метавон гуфт, ки ҷавонон аз ин зуҳуроти нангини аср худро дур гирифта, барои таъмини амнияти ҷумҳурӣ, пойдории ваҳдати миллӣ ва рушди босуботи Тоҷикистони соҳибистиқлол кӯшиш менамоянд.
Фариддун МАХСУМЗОДА,
прокурори калони Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи
Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
АКС аз манбаъҳои боз








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Истифодаи панелҳои офтобӣ дар Тоҷикистон метавонад ба унсури муҳими таъмини истиқлолияти энергетикӣ табдил ёбад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ ВА РИСОЛАТИ ВАТАНДӮСТӢ. Андешаҳо дар ин маврид
САРМОЯИ ИНСОНӢ. Рушди он ба афзоиши рақобатпазирии давлат дар бозори ҷаҳонӣ мусоидат менамояд
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон барои гузариш ба иқтисоди рақамӣ замина фароҳам меорад
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд






