35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 2 километр роҳи деҳаи Чузӣ дар Шаҳринав мумфарш карда шуд
ШАҲРИНАВ, 24.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои дохилии деҳаи Чузии Ҷамоати деҳоти Чусти ноҳияи Шаҳринав бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷалби сокинону соҳибкорони деҳа ба масофаи 2 километр мумфарш карда шуданд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав иттилоъ доданд.
Раиси ноҳияи Шаҳринав Абдуқодир Вализода дар раванди корҳои мумфаршкунии роҳи деҳаи Чузӣ иштирок намуда, иқдомоти созандаи сокинону соҳибкорони деҳаро шоистаи таҳсин ва намунаи ибрат хонд.
Сокинони деҳаи Чузӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азму иродаи созанда кӯчаҳои деҳаро пурра чароғон менамоянд, то барои зиндагии шоистаи фарзандон беҳтарин шароит муҳайё созанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд






