Ҳабибулло Воҳидзода бо аъзои иттиҳодияи ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» вохӯрӣ намуд
ДУШАНБЕ, 21.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз вохӯрии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо ҷавонони кишвар — аъзои иттиҳодияи ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Чорабинии мазкур ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун рамзи истиқболи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23 май таҷлил карда мешавад, гузаронида шуд. Дар он масъалаҳои нақши ҷавонон дар таҳкими давлатдорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки ҷавонон неруи пешбарандаи ҷомеа ва ояндаи давлату миллат буда, сиёсати давлатии ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки давлати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ барои таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавон, рушди илму маориф, варзиш, технологияҳои муосир ва ташаккули тафаккури инноватсионӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуда, стратегияву барномаҳои давлатӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва варзишӣ, инчунин дастгирии ташаббусҳои ҷавонон ҳамчун самти муҳими сиёсати иҷтимоии давлат таъмин гардид.
Прокурори генералӣ таваҷҷуҳи ҷавононро ба масъалаҳои ташвишовари замон, аз ҷумла ҷинояткорӣ байни ноболиғону ҷавонон, нашъамандӣ, таъсири манфии шабакаҳои иҷтимоӣ, хурофотпарастӣ, экстремизм ва терроризм ҷалб намуд.
Иброз гардид, ки пешгирии чунин зуҳуроти номатлуб танҳо дар ҳамкории оила, ҷомеа, муассисаҳои таълимӣ ва мақомоти давлатӣ, инчунин бо иштироки фаъоли худи ҷавонон имконпазир аст.
Ба ҷавонон тавсия дода шуд, ки аз тамоми имкониятҳои мавҷуда барои таҳсил, омӯзиши илмҳои дақиқ, технологияҳои иттилоотӣ ва инноватсионӣ, касбомӯзӣ, мутолиа, варзиш ва иштироки фаъол дар ҳаёти ҷамъиятӣ самаранок истифода баранд. Аз ҷавонон даъват шуд, ки ба эътимоди давлату Ҳукумат сазовор буда, дар роҳи таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, қонуният ва рушди устувори кишвар саҳми арзандаи худро гузоранд.
Дар фарҷом байни Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷавонони кишвар — аъзои иттиҳодияи ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» саволу ҷавоби муфид ва суҳбати озод доир гардид.
АКС: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон











ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид






