Ҳабибулло Воҳидзода бо Роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 19.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 19 май дар шаҳри Душанбе мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо Роҳбари Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ Каха Имнадзе баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Прокуратураи генералӣ хабар доданд, зимни мулоқот дурнамои ҳамкорӣ дар самти таъмини амнияти минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба масъалаҳои муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳои муосири ҷаҳонӣ, аз ҷумла терроризми байналмилалӣ ва экстремизм таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.
Аз ҷониби Ҳабибулло Воҳидзода ба роҳбари Маркази минтақавии СММ доир ба ҷараёни амалишавии «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои давраи то соли 2040» маълумот дода шуд.
Таъкид гардид, ки санади стратегии мазкур нақши калидии мақомоти прокуратураро дар ҳамоҳангсозии ҳамкории байниидоравӣ ва байналмилалӣ барои иҷрои вазифаҳои гузошташуда мустаҳкам менамояд.
Каха Имнадзе изҳор намуд, ки дар айни замон Осиёи Марказӣ ҳамчун субъекти муҳими дипломатияи пешгирикунанда мавқеи худро дар арсаи ҷаҳонӣ фаъолона мустаҳкам менамояд. Дар ин ҷода саҳми назарраси Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар нигоҳ доштани суботу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ таъкид гардид.
Аз ҷумла, аз ҷониби роҳбари Маркази минтақавии СММ сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар танзими масъалаҳои байнисарҳадӣ, хусусан оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон ва имзои Декларатсияи Хуҷанд махсусан таъкид карда шуд.
Инчунин Каха Имнадзе ба «Раванди Душанбе», ки ба платформаи бонуфузи байналмилалӣ барои муттаҳид сохтани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мубодилаи таҷриба дар самти мубориза бо терроризм табдил ёфтааст, баҳои баланд дод.
Дар фарҷом иброз гардид, ки Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда омода аст барои рушди минбаъдаи шарикӣ дар самтҳои афзалиятноки дорои таваҷҷуҳи муштарак, аз ҷумла дар масъалаҳои мустаҳкам намудани сарҳади давлатӣ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба он ҳамкорӣ намояд.
АКС: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид






