Ҳайати Тоҷикистон дар машварати роҳбарони воҳидҳои оперативии вазоратҳои корҳои дохилии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 14.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 13 май намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати роҳбарони воҳидҳои бахши оперативии вазоратҳои корҳои дохилии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар Ҷумҳурии Узбекистон доир шуд, иштирок намуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, машварат дар мавзуи «Хатарҳо ва таҳдидҳои нав дар соҳаи гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар қаламрави кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» баргузор гардид.
Иштирокчиён зимни машварат масъалаҳои мубодилаи таҷрибаи пешқадам ва татбиқи роҳкорҳои инноватсионӣ дар самти мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, татбиқи онҳо дар фаъолияти амалии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин татбиқи чораҳои ҳамоҳангшуда бар зидди интернет-провайдерҳо ва дигар захираҳои интернетиеро, ки барои паҳн намудани воситаҳои нашъадор истифода мешаванд, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо масъалаҳои таҳияи воситаҳои барномавию техникӣ, табодули таҷрибаи амалӣ байни кормандони сохторҳои мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва лоиҳаи нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди ҳамкории вазоратҳои корҳои дохилии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро баррасӣ намуданд.
Дар анҷоми машварат барои таҳкими муқовимати дастҷамъона бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир дар самти гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва роҳҳои пешгирии онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






