Ҷаласаи бисту сеюми прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид

Май 14, 2026 17:40

ДУШАНБЕ, 14.05.2026  /АМИТ «Ховар»/. 14 майи соли 2026 ҷаласаи бисту сеюми прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай таҳти раисии Ҷумҳурии Исломии Покистон ба тариқи маҷозӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар кори ҷаласа ҳайатҳои Тоҷикистон, Беларус, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Русия, инчунин ҳайати котиботи Созмони ҳамкории Шанхай ва Кумитаи иҷроияи сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай иштирок карданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои рушди ҳамкории судӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи адлияи ҷиноятии фаромарзӣ, ёрии ҳуқуқии мутақобил, ҳалли баҳсҳо, баргардонидани дороиҳо ва мубориза бо экстремизм, терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ баррасӣ шуданд.

Дар ҷаласа иштирокчиён омодагии худро барои таҳкими ҳамкории амалӣ байни прокуратураҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар мубориза бо ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ, аз ҷумла баланд бардоштани самаранокии ёрии мутақобили ҳуқуқӣ, мубориза бо шустушӯи пул ва таъмини баргардонидани дороиҳо тасдиқ намуда, мақсад гузоштанд, ки талошҳо минбаъд муттаҳид ва ҳамкории ҳамаҷониба амиқтар карда шаванд.

Инчунин тасмим гирифта шуд, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, маълумотномавӣ, методӣ, иттилоотӣ-таҳлилӣ, илмӣ ва дигар маводро дар соҳаи ҳамкории ҷиноятии фаромарзӣ ва амалияи татбиқи ҳуқуқ дар асоси ихтиёрӣ мубодила намоянд, ҳамкорӣ байни донишкадаҳои таълимии прокуратураҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро дар соҳаи тайёрӣ ва баланд бардоштани ихтисоси кадрҳои прокурорӣ вусъат дода, якҷоя дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай оид ба такмили минбаъда, беҳтар кардани ёрии мутақобили ҳуқуқӣ ва механизмҳои ҳамоҳангсозии фавқулода вохӯриҳо гузаронида шаванд.

АКС: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 14, 2026 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид