Ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт баргузор шуд

Май 20, 2026 17:32

 ДУШАНБЕ, 20.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Дар ҷаласа аз ҷониби аъзои Шурои ҳамоҳангсозӣ масъалаҳои муҳимми марбут ба тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ, пешгирии истеъмоли воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропию ҳабҳои синтетикӣ байни ноболиғону наврасон, пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ аз ҷониби хонандагон, махсусан авбошиҳои гурӯҳӣ бо истифода аз силоҳи сард, оворагардӣ, вобастагӣ ба бозиҳои компютерӣ, истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ ва истифодаи сигорҳои электронӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҳамзамон дар ҷаласа масъалаҳои риоя нагардидани реҷаи фаъолияти баъзе марказҳои хизматрасонӣ, сари вақт пардохт нагардидани андоз аз ҷониби бархе соҳибкорону шаҳрвандон ва дигар масъалаҳои мубрами иҷтимоию ҳуқуқӣ муҳокима гардида, барои бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда пешниҳодҳои мушаххас манзур карда шуданд.

Бо назардошти мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта ба роҳбарону шахсони масъул дастуру супоришҳои мушаххас дода шуда, барои  таҳкими ҳамкории байниидоравӣ, пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва баланд бардоштани сатҳи масъулияти сохторҳои дахлдор нақшаи чорабиниҳои муштарак таҳия ва тасдиқ гардид.

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе

Май 20, 2026 17:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд