Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 15.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии раиси Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон — Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ вобаста ба назорати риоя ва иҷрои талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» ва «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» доир гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар кори ҷаласа муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон — раиси Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва роҳбарони мақомоти назоратию санҷишӣ иштирок намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки мақомоти прокуратура дар солҳои 2024-2025 дар самти назорати риоя ва иҷрои талаботи қонунгузорӣ оид ба мораторий, ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ 1842 ҳолати қонунвайронкуниро ошкор намуд. Барои бартараф намудани он 424 амр ва 385 пешниҳод бароварда, ба 518 санади ғайриқонунӣ эътироз оварда, 506 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва маъмурӣ кашида шуд. Инчунин 64 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 906 ҳазор сомонӣ зарари расонида барқарор карда шудааст.
Татбиқи моратория ба кам шудани шумораи санҷишҳо, тадриҷан аз байни бурдани дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ, беҳтар шудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ ва таъсиси ҷойи кор таъсири мусбат расонида, ба беҳбудӣ ва ғанигардонии буҷети давлатӣ мусоидат намудааст.
Иброз гардид, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳукумати ҷумҳурӣ ба дастгирии ҳамаҷонибаи ташаббусҳои соҳибкорону сармоягузорон равона гардида, фаъолияти онҳо ҳамчун омили рушди устувори иқтисоди миллӣ эътироф шудааст.
Дар баробари риояи талаботи ин қонунгузорӣ дар фаъолияти мақомоти назоратию санҷишӣ ҳолатҳои дахолат ба фаъолияти соҳибкорон, гузаронидани санҷишҳои беасос ва дигар камбудию қонунвайронкуниҳо низ ҷой доранд. Дар ин раварнд диққати мақомоти назоратию санҷишӣ ва мақомоти дахлдори давлатӣ ба таъмини риоя ва иҷрои ҳатмии ин қонунгузорӣ ҷалб гардид.
Таъкид шуд, ки дар идомаи татбиқи сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани фазои мусоид ба рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
АКС: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон










Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд






