«ҶАВОНОН — МУАРРИФИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи ҷавонон ҳамоиши идона баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 23.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 22 май бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар доираи «Моҳвораи ҷавонон» бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол чорабинии фарҳангӣ — фароғатӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хабар доданд.
Чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ дар майдони Ҷалолиддини Балхии шаҳри Бохтар бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят доир шуд.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода иброз дошт, ки «мо, роҳбарон ва аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ифтихор мекунем, ки аз шумораи умумии ҳамсафони мо 35 фисадашро ҷавонон ташкил медиҳанд. Онҳо дар баробари таҳсилу илмомӯзӣ, ҳамчунин дар ҳама соҳаҳо фаъолияти арзанда дошта, дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ва дигар маҳфилу чорабиниҳо фаъолона иштирок менамоянд».
«Пайи ҳам ҷашн гирифтани Рӯзи ҷавононон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол рамзи хоси худро дорад. Зеро бештари дӯстдорони футбол наврасону ҷавонон мебошанд. Наврасону ҷавонони мо бояд аз имтиёзҳои фароҳамовардаи давлату ҳукумати мамлакат самаранок истифода намуда, барои рушди футболи ватанӣ саҳми назаррас гузоранд»,-афзуд Ҷамшед Саидзода .
Дар ҳошияи ҳамин чорабинӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аксияи «Як тӯб, садҳо орзу» баргузор гардида, ба ҷавонон бо таманнои «Тоҷикистон, ба пеш!» тӯби футбол тақдим карда шуд.
Сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Рамазон Насриддинзода фаъолияти густурда, иқдомҳои наҷибу созандаи аъзои ҷавони ҳизбро ёдовар шуда, таъкид кард, ки ҷавонон дар ҳама давру замон неруи пешбарандаи ҷомеа маҳсуб ёфта бо илму дониш ва фаъолияти созандаашон дар пешрафти ҷомеа саҳми бориз мегузоранд.
Дар қисми фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби ҷавонони ҳунарманд ва ҳаҷвнигорони хушзавқи дастаҳои ҳунарӣ барномаи рангини консертӣ пешниҳод гардид.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон








Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






