Дабири кулли САҲА Фаридун Синирлиоғлу саҳми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими суботи минтақавӣ баланд арзёбӣ намуд
ДУШАНБЕ, 20.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Фаридун Синирлиоғлу саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими суботи минтақавӣ баланд арзёбӣ намуд. Дар ин хусус ӯ имрӯз зимни нишасти матбуотӣ аз рӯи натиҷаҳои мулоқот бо Сарвари давлат изҳор дошт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Фаридун Синирлиоғлу таъкид кард, ки нахустин сафари расмии ӯ ба ҳайси Дабири кулли САҲА шарикии устувори ин созмонро бо Тоҷикистон, ки зиёда аз 30 сол идома дорад, собит менамояд.
Ба гуфтаи ӯ, аз замони шомилшавӣ ба САҲА дар соли 1992, Тоҷикистон дар фаъолияти созмон мавқеи фаъолро ишғол мекунад ва соли 1994 аввалин дафтари САҲА дар Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ гардидааст.
Дабири кулли созмон таъкид кард, ки фаъолияти САҲА бо самтҳои афзалиятноки Тоҷикистон, аз ҷумла масъалаҳои амният ва идоракунии сарҳадот, масъалаҳои обу энергетика, инчунин муқовимат бо таҳдидҳои фаромиллӣ иртиботи зич дорад.
Аз ҷумла, фаъолияти Коллеҷи САҲА барои ҳайати роҳбарикунандаи сарҳадот дар Душанбе махсусан таъкид гардид, ки ба гуфтаи Фаридун Синирлиоғлу, ба як платформаи пешбари минтақавии омодасозии касбӣ ва муколама табдил ёфтааст.
Дабири кулли САҲА инчунин саҳми шахсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар пешбурди Созишнома оид ба сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки моҳи марти соли 2025 ба имзо расида буд, инчунин Эъломияи Хуҷанд аз 31 марти соли 2025 байни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон баланд арзёбӣ кард.
«Ин дастовардҳо нишон медиҳанд, ки муколама, иродаи сиёсӣ ва ҳамкории сулҳомез метавонад натиҷаҳои мушаххас ба бор оварад», — таъкид намуд Фаридун Синирлиоғлу.
Иброз гардид, ки дар пасманзари афзоиши ташаннуҷ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, Осиёи Марказӣ имрӯз ҳамчун намунаи умедбахши таҳкими эътимод ва таъмини амнияти муштарак хизмат мекунад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд






