Дар қароргоҳи СММ дар Ню Йорк бахшида ба Рӯзи байналмилалии морхӯр чорабинӣ доир гардид

Май 19, 2026 09:16

ДУШАНБЕ, 19.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 18 май дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Ню Йорк бахшида ба Рӯзи байналмилалии морхӯр зери унвони «Морхӯр ва гуногунии биологии кӯҳӣ: Тақвияти талошҳои ҷаҳонӣ барои ҳифзи экосистема ва рушди устувор» чорабинии сатҳи баланд баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар доданд, чорабинии мазкур бо ибтикори ҳайатҳои Тоҷикистон ва Покистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид (UNEP) ва Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат (IUCN) ташкил карда шуд.

Дар ифтитоҳи чорабинӣ Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо таъкиди намунаи муваффақонаи ҳифзи табиат дар Тоҷикистон  иброз дошт, ки морхӯр (Capra falconeri) на танҳо ҷонвари нодиртарин кӯҳии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, балки рамзи мероси табиии Тоҷикистон низ мебошад.

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҳамчунин гуфт, ки Рӯзи байналмилалии морхӯр эълон кардани 24 май аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «платформаи ҷаҳонӣ барои баланд бардоштани огоҳӣ, тақвияти ҳамкорӣ байни ҷонибҳои манфиатдор ва ҷалби таваҷҷуҳи сиёсӣ ба ҳифзи экосистемаҳои осебпазири кӯҳӣ»-ро фароҳам овард.

Дар фарҷоми ҳамоиш якчанд самт барои тақвияти ҳамкорӣ, аз ҷумла густариши мониторинги илмӣ, татбиқи моделҳои ҳифзи табиат дар сатҳи ҷомеа, тавсеаи ҳамкории минтақавӣ ва афзоиши сармоягузорӣ ба таълими экологӣ дар байни ҷавонон пешниҳод карда шуд. Ғайр аз ин, омодагии мамлакат барои баррасии баргузории чорабинии ҷаҳонӣ бахшида ба морхӯр дар шаҳри Душанбе дар соли 2027 изҳор гардид.

АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид

Май 19, 2026 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши робитаҳои корӣ байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва вилояти Кургани Русия баррасӣ гардид
Дар Минск имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Душанбе нашри олмонии китоби «Тоҷикон» муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Президенти Эрон вохӯрӣ намуд
Дар Москва бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург бо муовини губернатори вилояти Курган мулоқот намуд
Дар Миср китоби «Тоҷикистон-гаҳвораи таърих ва тамаддун дар Мовароуннаҳр (Осиёи Марказӣ)» муаррифӣ гардид
Масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об байни Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург вохӯрии намояндаи бахши тиҷоратии Тоҷикистону Русия баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Осимаи Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ гардид
Директори АМИТ «Ховар» бо Сафири Туркия дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд