Дар Боку ҷаласаи 8-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 22.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 21 май дар шаҳри Боку таҳти ҳамраисии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Самир Рауф оғлу Шарифов ҷаласаи 8-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон хабар доданд, дар ҷараёни ҷаласа ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷонро дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, саноат, нақлиёту логистика, энергетика, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ намуданд.
Роҳбарони ҳайатҳо рушди пайгиронаи муносибатҳои дуҷонибаро, ки бар пояи дӯстӣ, эҳтироми мутақобил ва шарикии стратегӣ бунёд ёфтаанд, иброз дошта, аҳамияти густариши минбаъдаи ҳамкории амалӣ байни ду кишварро таъкид карданд.
Аз натиҷаи нишаст Протоколи ҷаласаи 8-уми Комиссияи байниҳукуматӣ ва Ёддошти тафоҳум байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Агентии мусоидат ба содирот ва сармоягузории Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба таъсиси Шурои соҳибкорони Тоҷикистону Озарбойҷон ба имзо расиданд. Ҳамчунин, дар ҳошияи ҷаласаи 8-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон санаи 21 майи соли 2026 Созишнома байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати илм ва маорифи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар бораи ба таври мутақобил ҷудо намудани бурсияҳои солонаи таҳсил ба имзо расонида шуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон













Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад






