Дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» дар Ҳисор беш аз 1400 довталаб маҳорат месанҷанд
ҲИСОР, 26.05.2026/АМИТ «Ховар»/. 24 май дар Китобхонаи марказии шаҳри Ҳисор даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Раиси шаҳри Ҳисор Ҳидоятулло Холзода иттилоъ дод.
Тибқи иттилои масъулин, имсол дар даври аввали озмун дар шаҳри Ҳисор қариб 8000 довталабон иштирок карданд. Аз ин шумора зиёда аз 1400 нафар ғолиб дониста шуданд, ки дар даври шаҳрӣ аз рӯи 8 номинатсияи асосӣ — математика (арифметика, алгебра, геометрия), физика ва астрономия, химия, биология (ботаника, зоология, анатомия), география, технологияи иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ барои роҳхат гирифтан ба даври минтақавӣ бо ҳам рақобат мекунанд.
Иброз гардид, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Соли 2026 барои баргузорӣ ва ҷоизаҳои Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 миллиону 870 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст. Ғолиби Шоҳҷоизаи озмун бо 70 000 сомонӣ ва омӯзгороне, ки шогирдони онҳо дар даври ҷумҳуриявӣ ҷойҳои аввалро ишғол мекунанд, бо 20 000 сомонӣ мукофотпулӣ ва нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» сарфароз гардонида мешаванд.
Ҳамчунин ғолибони даври ҷумҳуриявии ҷойҳои 1, 2, 3-юм дар муассисаҳои олии мамлакат ба ихтисосҳои илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ бе имтиҳон ба таври ройгон қабул карда мешаванд. Донишҷӯёне, ки бо низоми шартномавӣ ё ғоибона таҳсил мекунанд, дар ҳолати ғолиб омадан ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки таҳсилро ба шакли ройгони рӯзона иваз намоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид






