Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон даврҳои омӯзишии «Эбру», 3D ва колиграфия ифтитоҳ шуданд

Май 19, 2026 18:30

ДУШАНБЕ, 19.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар доираи ҳамкории байналмилалии донишкада бо Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар Тоҷикистон (TIKA) даврҳои омӯзишӣ оид ба санъати анъанавии туркии “Эбру”, 3D ва колиграфия ифтитоҳ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон хабар доданд.

Даврҳои омӯзишӣ ба рушди малакаҳои касбии донишҷӯён, табодули таҷрибаи байналмилалӣ ва таҳкими ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Туркия равона гардидаанд.

Дар даврҳои омӯзишӣ панҷ омӯзгори ботаҷриба ва мутахассиси сатҳи байналмилалӣ аз Ҷумҳурии Туркия дарс мегузаронанд. Машғулиятҳо назариявӣ ва амалӣ буда, иштирокчиён дар раванди омӯзиш бо нозукиҳои санъати «Эбру», усулҳои колиграфияи шарқӣ ва технологияҳои муосири моделсозии сеандоза аз наздик шинос мешаванд.

Иброз гардид, ки масъалаи омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи фарҳанг ва санъат дар меҳвари сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати мамлакат қарор дошта, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ тарбияи мутахассисони соҳибкасбро яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ арзёбӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки маҳз дар асоси чунин дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти давлат раёсати Донишкада барои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва ворид намудани таҷрибаҳои пешқадами ҷаҳонӣ ба низоми таълим тадбирҳои пайваста амалӣ менамояд. Санъати анъанавии туркии «Эбру», ҳунари колиграфия ва технологияҳои муосири 3D имрӯз дар арсаи байналмилалӣ мавқеи хос дошта, омӯзиши онҳо барои донишҷӯёни соҳаи санъат муҳим ва саривақтӣ мебошад. Санъати анъанавӣ бо технологияҳои нав метавонад барои эҷоди асарҳои муосири бадеӣ ва рушди ҷаҳонбинии эҷодии ҷавонон заминаи мусоид фароҳам орад.

АКС: Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

Май 19, 2026 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд