Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Занон ва об» оғоз гардид

Май 25, 2026 08:40

ДУШАНБЕ, 25.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар доираи чорабиниҳои канории Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028», ки аз 25 то 28 май баргузор мегардад, таҳти унвони «Занон ва об–2026»– форуми байналмилалӣ оғоз ёфт, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории ин чорабинӣ.

Дар кори форум роҳбарони мақомоти давлатӣ, вазорату идораҳо, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавии муассисаҳои молиявии рушд, ҷомеаи илмӣ, ниҳодҳои гендерӣ ва ҳуқуқӣ иштирок доранд.

Дар оғози форум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки ҳадафи асосии форум таъсиси платформаи байналмилалии сатҳи баланд барои бартараф намудани нобаробарӣ дар соҳаи об, тақвияти иштироки занон дар қабули қарорҳо ва таҳкими нақши онҳо дар маблағгузорӣ ва татбиқи инноватсияҳо дар бахши об мебошад.

Барномаи форум аз се ҷаласаи панелӣ иборат мебошад. Зимни ҷаласаҳо масъалаҳои таъсиси механизмҳои мақсадноки молиявӣ барои занони соҳибкор, инчунин ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла зеҳни сунъӣ барои қонеъ намудани ниёзҳои хоси занон мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Иштирокчиён ҳамчунин масоили ҳамгироии баробарии гендериро ба стратегияҳои миллии об, механизмҳои идоракунии захираҳои об дар ҳама сатҳҳо, ҳамкории минтақавию байналмилалӣ ва илмӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими ҳамкории фаромарзӣ муҳокима менамоянд.

Натиҷаи асосии форум қабули Эъломияи Душанбе «Занон ва об» мебошад, ки ба рӯзномаи конфронси дарпешистодаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба об дар соли 2026 саҳми арзанда мегузорад.
Танҳо дар доираи форум ба фаъолияти Шабакаи шарикии «Занон ва об» ҳусни оғоз бахшида, таҳияи нақшаи муштараки амали минтақавӣ байни Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохтори «Созмони Милали Муттаҳид-занон» оид ба идоракунии ба гендер нигаронидаи захираҳои об дар Осиёи Марказӣ дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аз 25 то 28 май дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Бояд гуфт, ки дар сатҳи миллӣ аз соли 2018 то имрӯз дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид се Конфронси байналмилалии сатҳи баланд (солҳои 2018, 2022 ва 2024) баргузор гардиданд. Ин силсилаконфронсҳо, ки «Раванди оби Душанбе» ном гирифтаанд, ба майдони устувор барои баррасии масъалаҳои вобаста ба захираҳои об, санитария ва тағйирёбии иқлим табдил ёфтаанд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар

Май 25, 2026 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд