Дар Душанбе Ниммарафони байналмилалии «One run» баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 23.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» Ниммарафони байналмилалии «One run» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.
Дар чорабинии варзишӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, муовини раиси Kумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони дигар сохторҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ иштирок намуданд.
Дар ниммарафони байналмилалӣ варзишгарону дӯстдорони варзиш аз дохил ва хориҷи кишвар иштирок намуданд. Ғолибони ниммарафон бо туҳфаҳои арзишманди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида мешаванд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе иброз дошт, ки «баргузории чунин мусобиқаҳо барои таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш ва муттаҳидии ҷавонон мусоидат менамояд. Варзиш барои саломатии инсон хеле муҳим аст. Он на танҳо ҷисмро қавӣ мекунад, балки руҳияро низ беҳтар месозад».
Дар чорабинӣ гуфта шуд, ки мутахассисони соҳаи тиб бар он назаранд, ки 50-52 фоизи саломатии инсон аз тарзи ҳаёт муайян мегардад ва фақат 10-15 фоиз аз ҳифзи саломатӣ вобаста аст. Барои нигоҳ доштани саломатӣ ва пешгирии бемориҳо инсон дар як рӯз ҳадди ақалл бояд 30-60 дақиқа фаъолияти ҷисмонии муътадил (масалан, пиёдагардӣ, давидан, шиноварӣ) анҷом диҳад. Инчунин дар як ҳафта на камтар аз 150 дақиқа бояд ба варзиш машғул шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе













Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд






