Дар мулоқоти муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон бо ҳайати ХБА масоили динамикаи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 02.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Татбиқи мувафақонаи барномаи Фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат (PCI) ба таҳкими заминаҳои сиёсати иқтисодӣ ва пешбурди ислоҳоти сохторӣ мусоидат намудааст. Ин нукта дар мулоқоти муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода ва Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо роҳбари миссияи Хазинаи байналмилалии асъор барои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мэтю Гартнер таъкид гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Намояндагони Хазинаи байналмилалии асъор анҷоми муваффақонаи ин барномаро аз сатҳи баланди ҳамкории касбӣ ва ҳамоҳангшудаи ҷонибҳо маънидод намуданд.
Ҳамзамон ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор мақомоти Тоҷикистонро бо хориҷ гардидани се ташкилоти қарзии молиявии мамлакат аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо дар муҳлати кӯтоҳ табрик намуда, ин равандро ҳамчун натиҷаи мусбати сиёсати пайгирона ва ҳамоҳангии муассири ниҳодҳои давлатӣ арзёбӣ кард.
Дар мулоқот масъалаҳо оид ба динамикаи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ баррасӣ гардиданд.
Гуфта шуд, ки иқтисодиёти Тоҷикистон, сарфи назар аз таъсири омилҳои берунӣ рушди устуворро нигоҳ дошта, нишондиҳандаҳои асосӣ тамоюли мусбат доранд. Аз ҷумла, сатҳи пасти таваррум, рушди мунтазами истеҳсолот ва хизматрасониҳо, инчунин таҳкими мавқеи берунии кишвар ҳамчун омилҳои калидии суботи иқтисодӣ арзёбӣ гардиданд.
Муовини якуми Сарвазири мамлакат иброз намуд, ки Тоҷикистон дар айни замон бо якчанд ташкилоти байналмилалии молиявӣ барномаҳои амалкунанда дошта, дар доираи онҳо ислоҳоти фарогири иқтисодӣ ва сохторӣ амалӣ мегарданд. Таъкид шуд, ки татбиқи пайвастаи чунин барномаҳо ба таҳкими низоми молиявӣ, беҳтар намудани муҳити сармоягузорӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ мусоидат менамояд.
Ҳамзамон ҷонибҳо ба таъсири омилҳои геосиёсӣ ва ноустувории муҳити иқтисодии ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид карданд, ки чунин омилҳо, аз ҷумла тағйирёбии вазъ дар минтақа ва ноустувории нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ метавонанд ба дурнамои иқтисодӣ таъсир расонанд.
Дар анҷом мусоҳибон барои идомаи ҳамкории мутақобили судманд, аз ҷумла дар самти татбиқи лоиҳаҳои кумаки техникӣ изҳори омодагӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки натиҷаҳои ташрифи ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор метавонанд заминаи устувор барои марҳилаи нави ҳамкорӣ ва идомаи ислоҳоти иқтисодӣ фароҳам оваранд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Дар Форуми дуюми байналмилалии сармоягузории Озарбойҷон имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Ҷалби сармояи Британияи Кабир ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар ҷаласаи Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ баррасӣ шуд
Дар Урумчӣ масъалаҳои тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Синзян баррасӣ шуданд
Дар Душанбе масъалаҳои идоракунии муосири таваккал дар фаъолияти гумрукӣ баррасӣ шуданд
Масоили табодули таҷриба ва омӯзиши мутахассисони тоҷик дар озмоишгоҳҳои Институти байтории Италия баррасӣ гардид
Байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Русия Протокол ба имзо расонида шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1085 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Минск масъалаҳои рушди ҳамкории геологӣ дар доираи ИДМ баррасӣ гардиданд
Дар вилояти Суғд ҳар сол қариб дар 35 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад
Густариши робитаҳои мустақими соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Рушди робитаҳои тиҷоратию сармоягузории бахши хусусӣ байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ карда шуд






