Дар ноҳияи Рӯдакӣ даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз шуд
РӮДАКӢ, 25.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23 май дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5-и ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ ва миёнаи касбӣ даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» оғоз гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.
Дар даври ноҳиявии озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» 700 хонанда ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва миёнаи касбии ноҳия аз рӯйи 8 номинатсия — математика (арифметика, алгебра, геометрия), физика ва астраномия, химия, биология (ботаника, зоология, анатомия), география, технологияи иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ рақобат мекунанд.
Ба маҳорати иштирокчиён аз рӯйи донишҳои назариявӣ, фаҳмиши моҳияти ҳодисаҳо ва равандҳои табиат, ҳалли масъалаҳои амалӣ ва намоиши дастовардҳои илмӣ ва навовариҳо баҳо гузошта мешавад.
Муовини Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Зарина Исмоилзода ба аҳли маориф, омӯзгорон ва хонандагон барои иштироки фаъолона дар озмун ва омӯзиши ҷиддии фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиатшиносӣ муваффақият орзу карда, иброз дошт, ки баргузории чунин озмунҳо ба татбиқи амалии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) мусоидат намуда, дар кашф ва рушду такмили истеъдодҳои нав нақши муҳим мебозад. Дар замони пешрафти илму техника ва технологияҳои муосир таҳкими ҷаҳонбинии илмӣ ва тарбияи насли соҳибмаърифат яке аз вазифаҳои асосии ҷомеа ба шумор меравад.
Ёдовар мешавем, ки ҳадафи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад, рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорию навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари донишҷӯён ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самтҳо байни донишҷӯён, магистрон, аспирантон, докторантон аз рӯи ихтисос (PhD), унвонҷӯён ва омӯзгорон мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ








Дар даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 2677 довталаб иштирок менамояд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор гардид
Дар Душанбе ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол-2026» муайян гардиданд
Аз ноҳияи Рӯдакӣ ба даври минтақавии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» 66 нафар роҳхат гирифт
Дар даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» 114 нафар иштирок намуд
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» дар Ҳисор беш аз 1400 довталаб маҳорат месанҷанд
Дар Хуҷанд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон— Ватани азизи ман» оғоз шуд
«ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД». Таҳти ин унвон олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оғоз шуд
Имрӯз дар Душанбе ғолибони Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» муайян мегарданд
Донишҷӯёни Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок менамоянд
Дар шаҳри Гулистон Озмуни шаҳрии «Оилаи намунавӣ» баргузор гардид






