Дар Норак ҷавонони фаъол қадрдонӣ шуданд

Май 23, 2026 16:30

ДУШАНБЕ, 23.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Норак бо иштироки омӯзгорону хонандагон, намояндагони идораву сохторҳои марбутаи шаҳр ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак иттилоъ медиҳад.

Раиси шаҳри Норак Иброҳим Мирзозода иброз дошт, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади рушди зеҳнӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва ҷисмонии ҷавонон ва дар руҳияи баланди ватандӯстӣ, илму ҳунаромӯзӣ тарбия ёфтан, аз худ кардани техника ва технологияҳои муосир тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

«Дар ҷавоб ба ин ғамхорию дастгириҳо ҷавонони мамлакат бояд вақтро ғанимат шуморида, ба хотири ояндаи неки Ватан ва пешрафти давлати соҳибистиқлол омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар, забонҳои хориҷӣ ва аз худ кардани техникаю технологияҳои навтаринро вазифа ва мақсаду мароми ҳаррӯза қарор диҳанд»,-таъкид кард раиси шаҳр.

Дар идома чорабинӣ ҷавонони фаъол ва варзишгароне, ки дар мусобиқаҳои сатҳи вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дастовардҳои назаррас доштанд, бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак сарфароз гардонида шуданд.

Ҷамъомади тантанавӣ бо пешниҳоди барномаи фарҳангии идона, иборат аз суруду таронаҳои ватандӯстона ба анҷом расид.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак

Май 23, 2026 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд