Дар шаҳри Гулистон Озмуни шаҳрии «Оилаи намунавӣ» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 05.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Озмуни шаҳрии «Оилаи намунавӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон хабар медиҳад.
Дар озмун иштирокчиёни аз 20 то 55-сола ва оилаҳои намунавӣ аз ҷамоату шаҳраки ноҳия иштирок намуданд. Иштирокчиён дар бораи собиқаи оиладорӣ, маҳорату фарҳанги оиладорӣ, тарбияи фарзандон, ҳифзи анъанаҳои миллӣ дар раванди оиладорӣ ва дастовардҳои оилавияшон суҳбат намуданд.
Иброз гардид, ки оила дар фарҳанги куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмию таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд.
Мақсади баргузории озмун гиромидошти арзишҳои оиладорӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги оиладорӣ, таҳкими оила, бунёд ва мустаҳкамсозии муносибатҳои оилавӣ дар заминаи меҳру муҳаббату эҳтироми якдигар ва баланд бардоштани масъулияти оила дар тарғиби фарҳанги оиладорӣ мебошад.
Ҳамасола баргузор намудани озмунҳои гуногун дар сатҳи вилоят, шаҳр, ноҳия ва ҷумҳурӣ ба пойдории оилаҳо мусоидат менамояд. Яке аз чунин озмунҳо Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» мебошад.
Барои иштирокчиёни озмуни шаҳрӣ дастархони идона ороста шуда, ба оилаҳои намунавӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат доир карда мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон








Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
«ИЛМ–ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 19 октябр даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд






