Дар шаҳри Турсунзода Рӯзи ҷавонон таҷлил гардид

Май 23, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 23.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кохи дӯстии шаҳри Турсунзода Рӯзи ҷавонон таҷлил гардид.

Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода иброз дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро мамлакат ҷавонон номидаанд ва дар партави сиёсати ҷавонпарварона ва пайкори созандаи Сарвари давлат имрӯз Тоҷикистони соҳибистиҷлол масири рушди босуботро ихтиёр кардаасту ҳамасола санаи 23 май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо шукӯҳи хоса таҷлил мегардад.

Дар ин хусус Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки: «Тоҷикистон мамлакати  ҷавонон аст, бо назардошти саҳм ва нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа ва давлат, он дар сиёсати пайвастаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи аввалиндараҷаро ишғол мекунад. Мо аз ҷавонони худ ифтихор мекунем, онҳо бо иштироки фаъолонаашон дар ҳама соҳаҳои ҷомеа, дар ҳифзи марзҳои Ватан саҳми арзанда мегузоранд ва ҳамеша ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва садоқат ба халқу давлати тоҷикро нишон медиҳанд». Ин суханон барои мо, сокинони шаҳри саноатию кишоварзии Турсунзода ва махсусан шумо – ҷавонони саодатманди Ватан роҳнамои амал аст.

«Боиси сарфарозист, ки Рӯзи ҷавонон имсол дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ҷавонони саодатманди шаҳрамон ва кулли ҳамдиёронро самимона табрик намуда, суботи зиндагонӣ, саломативу сарбаландӣ ва некномиро таманно менамоем», — гуфт Парвиз Акрамзода.

Сипас, фаъолони самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон аз соҳаҳои гуногун барои фаъолияти пурсамар ва ғолибони озмунҳои гуногуни ҷавонони шаҳри Турсунзода бо  Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ карда шуданд.

Дар фаровард кормандони шуъбаи фарҳанг ва ҳаваскорони муассисаҳои таълимии шаҳр барномаи фарҳангии ҷолиб, иборат аз шеъру таронаҳои ватандӯстона ва саҳнаҳои ҷаззоб аз Шоҳномаи Абулқосим Фирдавсӣ намоиш дода, ба чорабинӣ ҳусну таровати хоса зам намуданд.

Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Турсунзода дигар чорабиниҳои варзишиву фарҳангӣ низ баргузор гардиданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Май 23, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд