Донишҷӯёни Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок менамоянд

Май 6, 2026 16:30

ДУШАНБЕ, 06.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Донишҷӯёни Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва соҳавӣ иштироки фаъолона намуда, барои баланд бардоштани сатҳи дониш, рушди тафаккури эҷодӣ ва тақвияти малакаҳои касбӣ саҳми назаррас мегузоранд.

Зимни мулоқот бо донишҷӯёну омӯзгорон директори Коллеҷ Исломбек Зоирзода таъкид намуд, ки дар муассиса ба омода намудани мутахассисони рақобатпазир таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, донишҷӯён ба аз худ намудани донишҳои муосир, иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва рушди қобилияти илмӣ ҳидоят карда мешаванд.

Аз ҷумла, аз донишҷӯён даъват карда шуд, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз қабили «Илм – фурӯғи маърифат», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон – ватани азизи ман» фаъолона иштирок намуда, инчунин осори Пешвои миллат ва «Шоҳнома»-ро ҳамчун омили муҳимми боло бурдани маърифати фарҳангиву таърихии ҷавонон мутолиа намоянд.

Изҳор карда шуд, ки иштироки донишҷӯён дар олимпиадаҳои фаннӣ, ки аз ҷониби Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи фанҳои гуногун баргузор мешаванд, низ сол то сол фаъолтар гардида, ба рушди неруи зеҳнии онҳо мусоидат менамояд.

Роҳбарияти муассиса ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил ва иштироки ҷавонон дар чунин озмунҳо тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, дастгирии пайвастаро таъмин менамояд.

Май 6, 2026 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
«ИЛМ–ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 19 октябр даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад